Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚатъи фаъолияти се ташкилоти хурди қарзӣ дар Тоҷикистон

Қатъи фаъолияти се ташкилоти хурди қарзӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллӣ фаъолияти се ташкилоти маблағгузории хурди қарзиро дар Тоҷикистон қатъ кард.

Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори як иттилоя хабар додааст, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар  “фаъолияти ҶСП ТҚХ “Зироат-04”, ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест” қатъ карда шуданд.

Дар ин иттилоия омадааст, ки “Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ “Зироат-04”, ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд.”

Бонки миллӣ фаъолияти се муассисаи молиро дар асоси моддаи  26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6-10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”  қатъ карда, гуфтааст, ки фаъолияти дигари ҷабҳаҳои ин ташкилотҳои қарзӣ дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular