Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТашкилоти қарзии писари раиси Кумитаи андоз баста шуд

Ташкилоти қарзии писари раиси Кумитаи андоз баста шуд

Бонки миллӣ фаъолияти се ташкилоти маблағгузории хурди қарзиро дар Тоҷикистон қатъ кард, ки якеи он ба писари раиси Кумитаи андози кишвар тааллуқ дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори як иттилоя хабар додааст, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар  “фаъолияти ҶСП ТҚХ “Зироат-04”, ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест” қатъ карда шуданд.

Дар ин иттилоия омадааст, ки “Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ “Зироат-04”, ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд.”

Тибқи иттилои манбаъи Паём, ТАКХ “Диcи инвест” ба писари Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Иззатулло Давлатов тааллуқ доштааст. Роҳбарии ин ташкилотро ҳам писари дигари андозситони рақами яки Тоҷикистон  Исматулло Давлатов ба ӯҳда дошт.

Манбаи Паём мегӯяд, ҳангоми бақайдгирии ин ташкилот сармояи оинномавии он 6 миллион сомониро ташкил дода буд.

Бонки миллӣ фаъолияти се муассисаи молиро дар асоси моддаи  26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6-10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”  қатъ карда, гуфтааст, ки фаъолияти дигари ҷабҳаҳои ин ташкилотҳои қарзӣ дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.”

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular