Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет$3 миллион –даромади моҳонаи Бег Зуҳуров аз сим корт ва зангҳо

$3 миллион –даромади моҳонаи Бег Зуҳуров аз сим корт ва зангҳо

Дар замонҳои қадим масхарабози дарбор аз нафарони муҳиме дар давлат буд ва нусхаи намодинаи шоҳ маҳсуб мешуд.

Бо гузашти садсолаҳо ҳеҷ чизе тағйир наёфтааст. Ҳади ақал дар Тоҷикистон.

Ҳар гоҳ номи раҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, масхарабози дарбори раисҷумҳур бурда шавад, мардум дарҳол суханони ӯ “Фейсбук бояд андоз супорад”, “тири дайду ба сими телефон зад” ва ғайраро ба хотир оварда, механдад. Вале масъала сода нест, масхарабоз ҳам медонад чӣ кор мекунад.

Соли ҷорӣ Хадамоти алоқа ҳамаи муштариёни ширкатҳои мобилиро маҷбур кард рақамҳои худро аз нав ба қайд гиранд. Хизматрасонии без аз 2,3 миллион симкортҳо, ки соҳибонашон аз дубора аз қайд нагузаштанд, қатъ карда шуд ва 6,1 миллион муштарии фаъол боқӣ монданд.

Хадамоти алоқа пайваста аз “хизматрасонӣ” ба 6,1 миллион муштарӣ, аз ҳар кадомаш моҳона 0,8 сомонӣ “ҳақи хизмат” мегирад. Маълум мешавад, даромади ҳармоҳаи Хадамоти алоқа ё шахси Бег Зуҳуров (ин маблағҳо ба куҷо мераванд маълум нест, чун то ҳанӯз ҳеҷ гузорише дар ин маврид расонаӣ нашудааст) аз ин намуди “хидматрасонӣ” 4,8 миллион сомонӣ ё 550 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ширкатҳои мобили муваззафанд барои ҳар дақиқаи зани байналмиллалӣ, ки гӯё тавассути Маркази воҳиди коммутатсионӣ мегузаранд, бояд ба Хадамоти алоқа (ё Бег Зуҳуров) 20 дирам пардохт кунанд. Тибқи маълумоти охирин, шаҳрвандони кишвар 100 миллион дақиқа дар моҳ истифода мекунанд, ки ҳақи Бег аз он 20 миллион сомонӣ ё 2,2 миллион доллар аст.

Дар ҳамин ҳол, оё Маркази воҳиди коммуникатсионӣ умуман фаъол аст ё на, маълум нест. Аввали сол раҳбари кулли оператори миллии алоқа “Тоҷиктелеком” Музаффар Ҳимматов гуфта буд, ки Маркази воҳиди коммуникатсионӣ дар асоси таҷҳизоти бозмонда аз замони Шӯравӣ роҳандозӣ шудааст. Вале дар он замон интернет, ки вуҷуд надошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular