Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБузургмеҳр Ёров ба зиндон интиқол дода шуд

Бузургмеҳр Ёров ба зиндон интиқол дода шуд

Бузургмеҳр Ёровр баъд 806 рӯз аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия ба зиндон интиқол дода шуд.

14-уми декабри соли 2017, Мақомоти адлияи Тоҷикистон адвокати шинохтаи кишвар Бузурмеҳр Ёровро аз боздоштгоҳи муваққатӣ баъд ду солу дуюним моҳ ба зиндони низомаш сахт дар шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Манбаъи Паём аз мақомоти адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки иллати аслии ҳузури Бузургмеҳр Ёров дар ин боздоштгоҳ баррасии парвандаҳои пай дар пайи ӯ дар додгоҳ буданд.

Дар ин муддат алайҳи Бузургмеҳр Ёров се парванда кушодаанд. Парвандаи аввал бо иттиҳомоти, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, даъват ба фаъолияти экстримистӣ ва ғайра, парвандаи дуюм, бо иттиҳомоти ноҳурматӣ нисбат ба суд ва таҳқири намояндаи ҳокимият, ва парвандаи сеюм бо иттиҳоми таҳқири президент ва қаллобӣ.

Парвандаҳои Бузургмеҳр дар муддати беш аз ду сол дар додгоҳҳо баррасӣ шуда, дар маҷмӯъ додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular