Мақомоти Ӯзбакистон дар тамоми шаҳру навоҳии қаламрав баъд аз гӯру чӯби президенти нахустини ин кишвар Ислом Абдуғаниевич Каримов маросими оши худоӣ баргузор мекунанд.
Гуфта мешавад, хараҷоти ин маросимҳо ба дӯши ташкилоту идораҳои буҷавӣ ва тадбиркорони маҳаллӣ вогузор гаштааст. Раҳбарони минтақавӣ ба раисони маҳаллаҳо, идораву корхонаҳо, мактабу боғчаҳо фармудаанд, ки ба навбат дар ҳудуди худ ба мардум оши худоӣ диҳанд ва ҳини баргузории он аз ояҳои Қуръони Карим тиловат намуда, ба рӯҳи марҳум Юртбошӣ бахшанд.
Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҳатто кормандони боғчаҳо ба ин маъракаҳо ҷалб шуда, дар қатори ҳамаи кормандони соҳаҳои буҷавӣ маблағ ҷамъ мекунанд. Таъкид мешавад, ин маблағҳо барои баргузории маросимҳои ҳафту бисту чили президент сарф мегарданд.
Як манбаи огоҳ аз ин маросим ба мо гуфт: “Дар маросими оши худоии президент анбӯҳи зиёди мардум мушоҳида мешавад, ки гурӯҳ — гурӯҳ ба ошхӯрӣ меоянд. Аммо дар баъзе маҳаллаҳо на ба ҳама ош мерасад ва одамон ноком ба хонаҳояшон бармегарданд. Ин оши худоӣ аз зиёфати маросими туй ё ҷашни маҳаллии Наврӯз кам фарқ мекунад. Дар чеҳраи аксари мардум ғамгинӣ ё ҳисси азодорӣ дида намешавад.”
Назар ба маълумотҳо, маросими оши худоии Каримов то оғози ғунучини ҳосили пахта идома мекунад.