Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГузинаи аввали Эмомалӣ Раҳмон дар раёсати ИДМ: тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ

Гузинаи аввали Эмомалӣ Раҳмон дар раёсати ИДМ: тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ гуфт, замони раҳбарии кишвараш дар Иттиҳод барои таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ талош хоҳад кард.

Диққати махсус, ба таъкиди раисҷумҳури Тоҷикистон, ба барномаи таҳкими бехатарии сарҳадҳо равона хоҳад шуд. “Имсол дар ҷаҳон ҳаводиси зиёди нигаронкунанда ба вуқӯъ пайвастанд. Ин пеш аз ҳама фаъолшавии экстремизму терроризм, ҳаводиси Ховари Миёна ва вазъи нимҷазираи Корея аст” — Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ гуфт “бояд махсус болои бадшавии вазъ дар Афғонистон таъкид кард. Вазъи Афғонистон ҳанӯз ҳам яке аз мавзӯъҳои асосӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақаӣ боқӣ мемонад. Дар Афғонистон, аз ҷумла шимоли ин кишвар фаъолияти ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ тақвият меёбад”.

“Бо назардошти ин, мо зарур мешуморем дар муддати раёсати худ дар ИДМ диққати махсусро ба  таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва таҳкимбахшии сарҳадҳо равона намоем” — таъкид кард ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular