Худованд ҳеҷ гоҳ бандагонашро амр ба корҳое, ки хориҷ аз қудрату тавони онҳо бошад, намекунад. Дар ҳама ибодатҳо ин меъёр дар назар гирифта шуда, шарту шурути муносиб барои онҳо вазъ гардидааст. Бинобар ин ҳеҷ нафаре иҷозат надорад аз пеши худ муқарарот ва шартҳоеро бар он изофа намояд.
Ахиран ҷаласае зери роҳбарии муовини сарвазири кишвар, Азим Иброҳимов баргузор гардида, дар он ба масъулини Кумитаи дин дастур дода шудааст, ки ҳангоми муроҷиъати шаҳрвандон барои рафтан ба ҳаҷ, шароити зиндагии онҳо баррасӣ гардад. Агар вазъи иҷтимоъияшон хуб набошад, дархости онҳо рад карда шавад. Масъулини Кумитаи дин мегӯянд: ин қарор ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагии сокинон қабул карда шудааст.
Бояд гуфт ин маҳдудкуниҳо дар мавриди зиёрати хонаи Худо бори аввал нест, балки қаблан ҳам мақомот рафтани ашхоси то 40-сола ба ҳаҷро манъ карданд. Он вақт ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ин қарор ба хотири он гирифта шудааст, ки хоҳиши зоирони калонсол дар навбати аввал иҷро карда шавад. Аллакай бар асоси ин қарорҳо садҳо нафар, ки бо садҳо умед барои адои ин фаризаи илоҳӣ солҳо маблағ ҷамъоварӣ карда буданд, ҳангоми муроҷиат ба мақомоти дахлдор, ҷавоби рад мегиранд.
Оё ин қарорҳо бо таълимоти Исломӣ мувофиқат мекунанд?
Барои равшан шудани мавзӯъ ва то чӣ андоза мувофиқ будани ин қарорҳо бо дастуроти Ислом дар робита ба ҳаҷ, ба хусус таълимоти Имом Абуҳанифа(р), ки аксари мардуми Тоҷикистон худро пайравӣ он медонанд ва ҳар гоҳе мақомот ва намояндагони ҳукумат лофи пайравӣ аз ин мазҳабро мезананд, лозим мебинем атрофи ин ибодат, ҷойгоҳи он дар Ислом ва баъзе масоили марбут ба он маълумоти мухтасареро хидмати хонандагон ироа намоем.
Ҳаҷ фаризаи Илоҳӣ ва яке аз шиъорҳо ва муқаддасоти Исломӣ
Ҳаҷ яке аз фарзҳои Илоҳӣ, яке аз шиъорҳои бузурги Ислом, яке аз ибодатҳои чаҳоргона ва рукне аз аркони паҷгонаи дин мебошад. Фарзияти ҳаҷ бо Қуръону суннат ва иҷмоъи тамоми уммат, собит шудааст. Дар Қуръон омадааст: “Барои Худо ҳаҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад,(ва ҳаҷро тарк кунад, ба худ зиён расонда) бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст.” Оли Имрон ояти 97
Аз суннати Паёмбар(с) барои исботи фарзияти ҳаҷ, бо овардани ҳадиси машҳуре басанда мекунем.“Ислом бар панҷ чиз бино шудаст. Гувоҳӣ додан бар ин ки Худо ягона ва Муҳаммад(с) фиристодаи ӯст, барпо доштани намоз, пардохти закот, ҳаҷи хонаи Худо ва рӯзаи моҳи рамазон.” Бухорӣ ва Муслим
Тамоми донишмандони уммат, новобаста аз он ки дар кадом мазҳаб ва ё мактаб ҳастанд, аз садри Ислом то ба имрӯз бар фарзияти ҳаҷ иттифоқи назар доранд. Ҳаҷ барои ҳар мусалмоне, ки имкони адои онро дорад, новобаста аз он ки мард аст ё зан, аз машриқ аст ё аз мағриб, араб аст ё аҷам, фарзи айн аст. Анҷом додани ин фаризаи Илоҳӣ як маротиба дар тули ҳаёт фарз аст. Ҳамон гуна, ки намоз фаризаи рӯз, ҷумъа фаризаи ҳафта, рӯзаи моҳи рамазон фаризаи сол аст, ҳаҷ фаризаи умр мебошад. Ҳар мусалмоне тавонад дар муддати умраш як маротиба ҳаҷро анҷом бидиҳад, аз зимааш соқит мегардад.
Бинобар ин ҳар мусалмоне, ки оқил ва болиғ аст, имкон ва иститоъати анҷом додани ин фаризаи илоҳиро дорад, ва сари роҳи ӯ монеъе вуҷуд надорад, бар асоси таълимоти мазҳаби Имом Абуҳанифа (р) бар ӯ воҷиб мегардад, ки вақтро талаф накарда, қасди зиёрати хонаи Худо намояд. Агар дар ин амр кутоҳӣ кунад, мавриди муохаза қарор мегирад. Расули Худо (с) Мефармояд: “Эй мардум! Худованд барои шумо ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худро фарз намуда, пас ба ҳаҷ биравед!” Ривояти Муслим.
Чиҳилсола ва бой шав баъд ҳаҷ меравӣ
Худованд ҳеҷ гоҳ бандагонашро амр ба корҳое, ки хориҷ аз қудрату тавони онҳо бошад, намекунад. Дар ҳама ибодатҳо ин меъёр дар назар гирифта шуда, шарту шурути муносиб барои онҳо вазъ гардидааст. Бинобар ин ҳеҷ нафаре иҷозат надорад аз пеши худ муқарарот ва шартҳоеро бар он изофа намояд.
Ин ду қароре, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҳаҷ гирифта шудааст, хилофи таълимоти Исломӣ дар мавриди ҳаҷ мебошад.
Қарори аввал — иҷозаи рафтан ба ҳаҷ баъди чиҳилсолагӣ.
Ҳадафи ин қарор гӯё зоирони калонсолро дар навбати аввал қарор додан аст
Дар таълимоти Исломӣ вақте шахс ба синни балоғат мерасад ва аз нигоҳи ақлӣ солим аст, мукаллаф ба анҷоми аҳкоми шариъат мешавад. Ҳамон гуна, ки адои ибодатҳо барои шахси чиҳил-панҷоҳсола воҷиб аст барои ӯ низ воҷиб мегардад, ва агар дар анҷоми ибодатҳо кӯтоҳӣ намояд мисли мардон ва занони ба истилоҳ калонсол муохаза мешавад. Аз ин хотир муқарар намудани синни чиҳилсолагӣ барои зоирони хонаи Худо, шаръан нораво буда ҷуз бадбинӣ ва манъи бандагон аз анҷоми шаъоири динӣ, маънои дигаре надорад.
Расули Худо мефармоянд: “Қалам аз се нафар бардошта шудааст. Аз шахси хоб, то замоне, ки бедор нашавад. Аз кӯдак то замоне, ки ба синни балағат нарасида бошад. Ва аз шахси девона то он вақте, ки девонагиаш бартараф нашавад.” Ривояти Абудовуд.
Имом Мунзирӣ (р) дар китоби “Ал-ишроф ало мазоҳиби-л-уламо” ҷилди 7, саҳ. 227, овардааст. “Аҳли илм иттифоқи назар доранд, ки фароиз ва аҳкоми шариъат бар ҳар нафаре, ки ба синни балоғат мерасад ва аз нигоҳи ақлӣ мушкил надорад, воҷиб мегардад. “
Аммо дар мавриди, иллати ин қарор бояд гуфт, ки ин баҳонае беш нест ва ҳадафашон аз ин ҳарф танҳо фиреб додани мардум ва рӯйпуш намудани, амалҳои зидди мардумӣ ва зидди диниашон мебошад. Агар воқеан ғами калонсолҳоро мехӯранд ва мехоҳанд онҳо зудтар ва дар навбати аввал ба ҳаҷ бираванд, роҳи дурустарро дар пеш бигиранд.
Пешниҳод: Дар мавсими ҳаҷ ва ҳангоми сабти ном талош намоянд нафаронеро сабти ном кунанд, ки бори аввал ба ҳаҷ мераванд. Ва барои нафаронеро ки мехоҳанд бори дуюм ва сеюм ба зиёрати хонаи Худо бираванд, шароит муҳайё кунанд дар дигар рӯзҳои сол ба зиёрати хонаи Худо бираванд.
Қарори дуюм — бой шав, баъд ҳаҷ рав
Ҳадаф аз ин қарор гӯё беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст
Яке аз шартҳои воҷиб гаштани ҳаҷ бар мусалмонон, иститоъат ва имконоти сафари ҳаҷ мебошад, ки дар мазҳаби имом Абуҳанифа(р) чунин тафсир шудааст.
Иститоъат (тавонои) се навъ аст, бадани, амниятӣ ва молӣ. Мақсад аз иститоъати баданӣ сиҳати ва саломатии бадан мебошад. Пас бар шахси бемор ва барҷоймонада, шахси кӯр, муйсафеди пире, ки наметавонад бе кӯмаки нафари дигар рӯӣ василаи савориаш биистад, инчунин маҳбус ва шахси мамнуъулхурӯҷ аз ҷониби ҳокими золим, ҳаҷ воҷиб нест.
Мақсад аз иститоъати амниятӣ, яъне роҳ амн бошад ва битавонад худро солим ба Макка бирасонад.
Мақсад аз иститоъати молӣ он аст, ки тӯшаи роҳ ва василаи сафар( саворӣ) дошта бошад. Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адилатуҳу, ҷилди 3, саҳ. 25-26.
Агар бихоҳем тӯша ва василаи савориро бо забони имрӯз таъбир намоем, мегӯем: Харҷи сафар ва хурду хӯроку иқомат. Ба ин маъно, ки инсон он миқдор маблағе дошта бошад, ки харҷи сафарашро пардохт намояд. Он ҳам муносиби ҳоли худаш. Инчунин дар сурати ниёз маблағе дошта бошад, ки маконеро барои иқомат ба иҷора бигирад ва таъому хӯрокашро таъмин кунад. Изофа бар он хонаводааш то ҳангоми бозгашти ӯ ба андозаи кофӣ махориҷи рӯзгузаронӣ дошта бошанд. Ал-миату суол ани-л-ҳаҷи ва-л-умра ва-л-узҳия ва-л-идайн, саҳ. 18-19 Аллома Қарзовӣ
Аз он чӣ дар мавриди иститоъат аз нигоҳи мазҳаби Абуҳанифа(р) инҷо оварда шуд, бемаъно ва хато будани қарори мазкур маълум мегардад. Қабул кардан ва дар амал ҷорӣ намудани чунин қарорҳои бехирадона, ки ҷойгоҳе дар таълимоти динӣ надоранд ва ҳатто мухолифи дастуроти динӣ ҳастанд, барои кишвару миллат ва мардум ҷуз бадбахтӣ чизе ба бор нахоҳанд овард.
Беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум. Ин ҳам баҳонае барои дуруст ҷилва додани қарорҳои зидди мардумиашон мебошад. Воқеан шармовар аст! Барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии шаҳрандон, ҷуз ҷайби мардум роҳи дигаре ба зеҳни мансабдорони кишвар намерасад.
Исломҷони Сайид
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

