Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРӯзи КДАМ ва Ятимов

Рӯзи КДАМ ва Ятимов

Имрӯз чун рӯзи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Тоҷикистон, таҷлил мешавад. Интизор меравад сохторҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла раисҷумҳур Раҳмон, кормандони ин ниҳодро ба ҷашнашон табрик кунанд.

Ин ниҳод аз соли 2010 таҳти раҳбарии Саймӯъмин Ятимов қарор дорад ва усули кориву фаълияти касбиаш аз то сари раёсати он омадани Ятимов комилан фарқ мекунад. Коршиносон мӯътақиданд, ки КДАМ аз соли 2010, ки Саймумин Ятимов бар курсии аввали ин ниҳод нишаст, зери таъсири шахсияти вай буд. Худи Ятимов, аз собиқадорони ин ниҳод дар даврони Шӯравӣ буда, фаъолияташро ҳамчун корманди КГБ, аз солҳои 1976 — замоне, ки дар ноҳияи Фархор муаллими забону адабиёти тоҷик буд, оғоз кардааст. Ва ба гуфти шоҳидони он замон, Ятимов аз даврони муаллим буданаш ба “ҷосусӣ” машғул буд.

Вай муддате ҳам дар Эрон ба унвони мушовири сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, сипас поённомаҳои ҳам номзадии илм ва ҳам докториашро дар мавзӯъҳои марбут ба Эрон: “Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон” ва “Хумайнизм ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ” дифоъ кардааст.

Гузаштаи кории Ятимов ва фаъолиятҳояш дар сохтори собиқи КГБ – Шӯравӣ ва ҳам муддате дар Эрон буданаш, ба сохтори таҳти сарпарстиаш яъне КДАМ, таъсир гузошт. Албатта маълум нест дар муддате, ки вай дар Теҳрон ба унвони дипломат ба сар мебурд, байни ӯ ва мизбонон чӣ гузаштааст, вале ин ки вай дар ин муддат ба ҷосусӣ машғул буд, ба касе пӯшида нест. Дидгоҳи ӯ ва нигаришҳояш ба низоми Эрон ва сипас сиёсатҳои зиддиэронии ӯ аз ҳамин замон шакл гирифтаанд.

Ба ҳар ҳол, шахсияти Ятимов дар ниҳоди зертобеаш, ду таъсири муҳим дошт:

Аввал инки Ятимов, КДАМ-ро бар тамоми сохторҳо ва дигар ниҳодҳои ҳукумати кишвар, ҳатто Дастгоҳи раиси ҷумҳури қабл аз Озода Раҳмон, мусаллат кард. Ҳатто кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар, сояи сангини КДАМ- ро рӯи сари худ эҳсос мекунанд. Ва мушоҷираҳо, ихтилофҳо ва даргириҳои зиёде байни ин ду ниҳоди қудратии кишвар рух додааст. Агар қаблан ВКД кӯшиш мекард худро чун як ниҳоди мустақил ҳифз кунад, чанд соли охир пурра зери таъсири КДАМ қарор гирифт. Ба иборати дигар, Ятимов бо таваҷҷӯҳ ба ин ки яке аз собиқадорони КГБ-и Шӯравӣ буд, дубора ин ниҳодро ба сохтори шабеҳи ҳамон замон табдил дод. Ва сояи тарсу ваҳшат ва хатар аз ҳамкору ҳамсояву ҳамдеҳа дубора бар фазои ҷомеа ҳукмрон шуд.

Масъалаи баъдӣ ин аст, ки Ятимов ба унвони шахси исломбадбин ва чеҳраи зидди арзишҳои мазҳабӣ ва динӣ шинохта шуда, ҳамин шохисаи вай дар муносибаташ бо аксарияти ҷомеаи мусалмони кишвар таъсир гузошт. Масъалаҳои ришу ҳиҷоб, масҷидбандию шикори ба истилоҳ чеҳраҳои мазҳабии кишвар ҳарчанд қаблан низ матраҳ буд, аммо авҷи даргирии мақомоти кишвар бо ин масъалаҳо ба баъд аз соли 2010, яъне ҳамзамон бо ба курсии КДАМ нишастани Ятимов бармегардад.

Албатта ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд Раҳмон солҳои ахир сояи КДАМ-ро дар дастгоҳи кории худаш низ эҳсос кард ва бо овардани духтари худ Озода гӯё ба таври муваққат дастгоҳашро аз итоати Ятимов баровард, аммо Ятимов аллакай худашро барои марҳилаи баъди Раҳмон ҳам омода кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular