Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРоналдо беҳтарин бозикун ва  Зайдон беҳтарин мураббӣ

Роналдо беҳтарин бозикун ва  Зайдон беҳтарин мураббӣ

 Кристиано Роналдо, ситораи партугалии тими Реал Мадрид, соҳиби ҷоизаи беҳтарин бозикуни соли 2017, ба интихоби “Globe Soccer” гардид.

 Маросими эҳдои ҷоизаҳои “Globe Soccer”, шаби гузашта дар Дубай баргузор шуд. Ин бори панҷум аст, ки Роналдо соҳиби ин ҷоиза мегардад.

  Илова бар Роналдо, Мессӣ, Мбаппе, Неймар, Рамос, Дибала ва Буффон ҳам аз номзадҳои дарёфти ин ҷоиза буданд.

  Қабл аз ин, Роналдо ҷоизаҳои беҳтарин бозикуни соли Аврупо, ҷаҳон ва ҳамчунин барандаи тӯби тиллои ҷаҳон дар соли 2017 шуда буд.

 Дар маросими “Globe Soccer”, ҳамчунин Зайниддин Зайдон, мураббии мусалмони тими Реал Мадрид, ба унвони беҳтарин мураббӣ ва тими вай низ ҷоизаи беҳтарин тимро дар соли 2017 дарёфт карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular