Бар асари ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба калисое дар Миср 6 нафар кушта ва 5 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гузориши Арҷазира, ин ҳамла имрӯз ба калисое дар шаҳраки Ҳалвон дар ҷануби Қоҳира сурат гирифтааст.
Ҳувияти гурӯҳи мусаллаҳ ҳанӯз муайян нашудааст, вале ба гуфтаи расонаҳои мисрӣ яке аз муҳоҷимон тавассути полис кушта шудааст.
Баъд аз кудетои низомӣ дар Миср ва ба курсии раиси ҷумҳурӣ нишастани Абдулфаттоҳ Сисӣ, авзоъ дар ин кишвари арабӣ ҳамеша ноором будааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

