Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия: Ҷаримаи 500 ҳазор рублӣ ба иҷорадиҳандагон ба  муҳоҷирини корӣ

Русия: Ҷаримаи 500 ҳазор рублӣ ба иҷорадиҳандагон ба  муҳоҷирини корӣ

Минбаъд дар Русия нафаронеро, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ иҷора медиҳанд ҷаримаҳои сангине интизор аст.

Маҷлиси Думаи Русия қонунеро ба тасвиб расонид,ки аз аввали январи соли 2018 иҷроӣ шуд ва додгоҳҳои ин кишвар метавонанд, корфармоён ва вакилони мудофеъро барои вогузории манозил ва васоили нақлия ва ироаи хадамоти ҳуқуқӣ ба коргарони хориҷии ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 500 ҳазор рубли русӣ  ҷарима кунанд.

Пеш аз ин додгоҳҳои ин кишвар афроде,ки муртакиби чунин ҷиноятҳо мешуданд, ба миқдори 300 ҳазор рубл ҷарима мекарданд.

Инчунин Маҷлиси Думаи Русия қонуни дигареро дар бораи ихроҷи хориҷиёни ғайри қонунӣ ба тасвиб расонид, ки бар асоси он идораҳои полис метавонанд  муҳоҷири хориҷии ғайриқонуниро то мӯҳлати  90 рӯз дар боздоштгоҳҳо ва то ҳукми додгоҳ  нигаҳдорӣ кунанд.

Мақомоти Русия ҳадаф аз тасвиби ин қонунро пешгирӣ кардан аз напардохтани андоз ва бе иҷозантнома кор кардани муҳоҷирони хориҷӣ номидаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular