Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет13.7 миллион доллар ҷаримаи ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”

13.7 миллион доллар ҷаримаи ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”

Додгоҳи байналмиллалии ҳакамӣ, мақарраш дар Фаронса, ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”-ро 13,7 миллион доллар ҷарима кард.

Бино ба иттилои “Радиои озодӣ”, Додгоҳи байналмиллалии ҳакамӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”-ро барои напардохтани саҳмаш дар ҳаҷми 2 миллион доллар ба  ширкатҳои газу нафти СNPC- чинӣ ва Total-и Фаронса ба миқдори 13,7 миллион доллар ҷарима намуд.

Инчунин додгоҳи мазкур ин ширкатро муваззаф кард, ки 33 дарсад саҳмияи худро дар ширкати “Bokhtar Operating Company BVI” ба СNPC ва Total бидиҳад.
Ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”-аз аввали соли 2000-ум таъсис ёфта, фаъолияташро дар соҳаи иктишофӣ ва истихроҷи нафту газ дар 3 кишвари пасошӯравӣ – Гурҷистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular