Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПлюрализм асоси  ҷомеъаи маданӣ 2

Плюрализм асоси  ҷомеъаи маданӣ 2

Ҳукми Қуръон дар бораи эҳтироми яксон ба тамоми пайғамбарон то навиди пирӯзӣ ва растагорӣ барои накӯкорони «аҳли китоб» вусъат меёбад. Қуръон беш аз як бор изҳор медорад, ки агар «аҳли китоб» яҳудиён, масеҳиён ва соибиён (гурӯҳе, ки ҳувияташон дар таърих мубҳам аст) бар асоси усули худ рафтор намоянд, подоши муносиби худро дарёфт хоҳанд кард.

«Ҳар мусалмон ва яҳуд ва насоро ва соибӣ, ки аз рӯи ҳақиқат ба Худо ва Рӯзи қиёмат имон оварад ва некукорӣ пеша намояд, албатта, ки аз Худо подоши нек ёбад ва ҳеч гоҳ бимнок ва андуҳгин нахоҳад буд» («Бақара», 62).

Илова бар ин Қуръон ихтилоф ва чандгунагиро нек медонад ва таъкид меварзад, ки тақво ва некукорӣ танҳо хусусиятест, ки инсонҳоро аз якдигар ҷудо месозад: «Эй мардум! Мо ҳамаи шуморо нахуст аз як мард як зан офаридем ва он гоҳ шӯъбаҳои бисёр қабилаҳои мухталиф гардонидем, то якдигарро бишносед, бузургвортарини шумо назди Худо батақвотарин мардуманд ва Худо комилан огоҳ аст» («Ҳуҷурот», 13).

Қуръон дар ояти дигар, ба назар мерасад, ихтилоф ва чандгунагиро хости илоҳӣ медонад. «Ва агар Худо мехост ҳамаи миллатҳоро як уммат мегардонид ва лекин пайваста ҳама қавмҳо ва миллатҳо дар ихтилоф хоҳанд буд» («Ҳуд», 118).

Ояти ахир ба равшанӣ таамулбарангезтарин оят аст. Аксари муфассирони қадим ин оят ва оятҳои монанди онро ба озодии инсон дар интихоби хайр ва шар тафсир намудаанд. Бо ин ҳол, иборати «агар Худованд мехост ҳамаро як уммат мегардонд»-ро метавон ба унвони тасдиқе бар ин воқеъият, ки плюрализм ҷузъи шароити инсонӣ аст, тафсир намуд. Оятҳои Қуръон қобилияти тафсирҳои мутафовит ва дар айни ҳол аз лиҳози дарунӣ мустаҳкам ва ба ҳам пайвандро доранд. Онҳо таҳти таъсири бистари замонӣ мавриди мутолиа ва баррасӣ қарор мегиранд ва заминаи фикрии муфассир қарор доранд. Муҳаққиқони муосир, мисли Холид Абулфазл ва Ҷон Вол ин оятҳоро таъйиде бар плюрализм тафсир менамоянд.

Ин оятҳо маро ба ёди мисоле меандозад, ки Ҳостон Смит барои тавсифи ҳақиқати ниҳоӣ ба кор мебарад, ки дар назари ӯ, монанди ҷараёни нуре аст, ки аз тирезаҳои дорои шишаи рангӣ мегузарад. Шӯълаҳои нур ба рангҳои пурҷилваи мухталифи зиёде тақсим мешаванд, аммо манбаъ ва сарчашмаи аслии онҳо яке аст. Дар воқеъ, он чӣ дорои аҳамият аст, амалҳои некӯкорона аст.

«Мо бар ҳар қавме шариат ва тариқае муқаррар доштем ва агар Худо мехост ҳамаро як уммат мегардонид ва лекин ин накард, то шуморо ба аҳкоме, ки дар китоби худ фиристода, биозмояд, пас, шумо ба корҳои нек пешӣ гиред, ки бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Худо аст ва дар он чӣ ихтилоф менамоед, шуморо огоҳ хоҳад сохт» (“Моида”, 48).

Равиши Қуръон барои равшантар кардани як мафҳум иборат аст аз баёни ҳарду ҷанба, ҷанбаи мусбат ва манфии як мавзӯъ. Дар ҳоле ки мафҳуми плюрализмро ривоҷ медиҳад, антитезиси он, яъне «хоснигарӣ»-ро, ки иборат аст аз бовари теологикӣ ба ин ки танҳо як шумори ками баргузида, ки аз як дини хосе пайравӣ менамоянд, мустаҳаққи пирӯзӣ ва растагорӣ ҳастанд, ба таври қатъӣ маҳкум менамояд.

«Ва онон, ки гуфтанд, ҳаргиз ба биҳишт наравад, ҷуз тоифаи яҳуд ва носоро, бигӯ, эй Пайғамбар(с), ки ин шуморо орзуесту бас, бигӯ, бар ин даъво далел оваред, агар рост мегӯед» (Бақара- 111).

«Яҳуд ва насоро гуфтанд, мо писарони Худо ва дӯстони Ӯ ҳастем, бигӯ, агар чунин аст, пас, ӯ чаро шуморо ба гуноҳонатон азоб мекунад, балки шумо аз он чӣ Худо халқ карда, башаре беш нестед. Ӯ ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад, ки осмонҳо ва замин ва ҳар чӣ байни онон аст ҳама, мулки Худо аст ва бозгашти ҳама дар қиёмат ба сӯи Ӯ аст» (“Моида”, 18).

Плюрализм дар ҷомеаҳои исломӣ дар гузашта ва ҳол

Ҷои басо тааҷҷуб аст, ки бисёре аз мусалмонон акнун пирӯзӣ ва растагориро маҳдуд ба худ медонанд. Дар тӯли таърих гунае аз тасоҳул дар ҷомеаҳои исломӣ комилан роиҷ буд. Умар (р) дуввумин халифаи мусалмонон ва Салоҳиддин Аюбӣ давлатмарди ғаюр ва комилан мавриди эҳтиром ба маҳзи ворид шудан ба Қудс бо гурӯҳҳои масеҳии маҳаллӣ қарордод имзо намуданд. Онҳо дар ин қарордодҳо амнияти шахсӣ ва низ ҳифозат аз маконҳои ибодатии ононро замонат доданд. Ҳардуи онҳо аз қавмҳои яҳудӣ даъват карданд, то дубора дар шаҳри Қудс истиқомат кунанд. Яҳудиён аз лиҳози мазҳабӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар Испаниёи даврони исломӣ рушд ёфтанд. Қавмҳо ва ҷомеаҳои масеҳӣ дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Балкан боқӣ монда ва ҳатто рушд намуданд. Имон овардани иҷборӣ ба ислом дар ин ҷомеаҳо як кори мамнӯъ ва ҳаром буд. Қуръон дар бораи манъ будани имон овардани иҷборӣ ошкоро сухан мегӯяд: «Дар кори дин ҷои иҷбор нест» (“Бақара”, 256, “Юнус”, 99, “Каҳф”, 29).

Дар миёни кишварҳои дорои ҷамъияти аксари мусалмон дар даврони нав ҷандфарҳанггароӣ ва дараҷае аз плюрализм дар Малайзи ва Индонезия як амри оддӣ ва роиҷ аст. Дар дигар кишварҳо, мисли Арабистони Саудӣ, на танҳо плюрализм, балки тасоҳул нисбат ба гурӯҳҳои дигарандеш дар даруни мусалмонон, мисли шиаҳо ва сӯфиҳо ба сахтӣ мушоҳида мешавад. Дар ҷое, ки мазҳаби шиа роиҷ аст, мисли Эрон, адами тасоҳул нисбат ба сунниҳо сурат мегирад. Бадтарин сурати хоснигарӣ корбурди «сиёсати мазҳабӣ» аз сӯйи баъзе кишварҳо барои таҳмили дидгоҳҳои роиҷи олимони кӯтаҳфикр аст. Ин иқдом бо нияти амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар сурат мегирад. Баъзе шаклҳои ин ҳукм барои бинои як ҷомеаи солим ва одилона дар тамомии суннатҳо вуҷуд дорад. Бо ин ҳол ҳар гуна талош барои барпо кардани як ҷомеаи одилона бо даст задан ба зӯр ба ҷои қаноат кунондан, худ зотан ноодилона ва зиёновар ва бо ҳукми исломии адами даст задан «ба зӯр ва иҷбор дар амри дин» мухолифат дорад. Ин нуқта қобили дарк аст, ки хоснигарӣ дар ҷомеаҳои исломии кунунӣ то андозае вокунише аст ба вазъияти сахте, ки мусалмонон худро дар он мебинанд. Бо ин ҳол ақлонӣ ва муваҷҷаҳ нест. Ин гуна хоснигарӣ тағйир хоҳад ёфт, зеро идеологияи исломӣ бунёдан плюралистӣ аст.

Плюрализм дар ИМА

Плюрализм дар ҷомеаи Амрико як падидаи нав аст. Сад сол пеш, замоне ки Маҷлиси Мазҳабҳои Ҷаҳонӣ дар Чикаго ташкил шуд, аз мусалмонон дар он танҳо Александр Росе Веб ширкат дошт. Ӯ аввалин америкоие буд, ки ба дини Ислом гаравид. Вайвекананда (Vivеkananda), ягона намояндаи ҳинду маҷбур буд аз Ҳиндустон биёяд, ҳол он ки намояндагони шуморе аз дину суннатҳои дигар он ҷо ҳузур надоштанд. Аммо имрӯз тақрибан дар ҳар як аз шаҳрҳои бузург шумораи зиёде аз намояндагони динҳо ва гурӯҳҳои мазҳабӣ ёфт мешванд. Бо ин ҳол, пазириши ин ҷомеаҳо тавассути аксарият ғайримунсифона аст.

Ислом мавзӯи тасвирсозиҳои шарирона ва номаъқулонаи бисёре аз раҳбарони барҷастаи мазҳабӣ, мисли Граҳам, Фалвел ва раҳбарони сиёсии муҳофизакорони нав гардидааст. Таҳлили ИМА аз таърих ва низ масъалаҳо ва мушкилоти кунунӣ дучори ҷабҳагирии умдатан европоимеҳвар аст. Ин ҷабҳагирӣ тангназарона буда ва реша дар ин бовар дорад, ки танҳо нажоди аврупоӣ мутамаддин аст. Ақаллиятҳо, бахусус ақаллиятҳои мазҳабии пароканда, мисли мусалмонон аз надоштани қудрат ва ихтиёр ранҷ мебаранд, ки ин худ дар натиҷаи бепарвоӣ ва адами ҳассосияти аксарият нисбат ба плюрализм аст. Ин ақаллиятҳо ниёзманди василаҳои созанда ҳастанд, то битавонанд суханашонро дар ҳавзаи умумӣ матраҳ созанд.

Плюрализм ба ҳамон андозаи ҳифозат аз ақаллиятҳо барои саломати ахлоқии аксарият як амри асосӣ аст. Плюрализм давои дарди тасвирсозиҳои шарирона, нажодпарстӣ ва хушунат аст. Ҷомеаҳои динмеҳвар метавонанд нақши қобили мулоҳизае иҷро намоянд ва бояд пешгоми тарвиҷ ва густариши плюрализм бошанд, зеро плюрализм барои коркарди ҷомеаи маданӣ як амри ҷавҳарӣ аст.

Таҳияи А. Хатлонӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular