Сар аз субҳи имрӯз зангҳо тавассути паёмакрасони Viber дар Тоҷикистон маҳдуд шуданд. Муштариён наметавонанд тавассути ин паёмакрасон занг зананд ё паёми садоӣ равон кунанд. Паёми хаттӣ ҳанӯз дастрас аст.
Қаблан мақомоти Хадамоти алоқа ба ширкатҳои мобилӣ супориш дода буданд дар пайи қатъкунии фаъолияти паёмакрасонҳо бошанд. Мутахассисони ширкатҳо гуфтаанд ин кор мушкил аст, вале ба баррасӣ гирифтаанд.
Тибқи дастури Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилӣ муваззаф шудаанд зина ба зина фаъолияти паёмакрасонҳоро масдуд кунанд. Маҳдудшавии зангҳо тавассути Viber шояд аз аввалин натоиҷи супориши Бег Сабурӣ бошад.
Зангҳо тавассути WhatsApp, IMO, Telegram ва дигар паёмакрасонҳо ҳанӯз дастрасанд.
18-уми декабр бо супориши Хадамоти алоқа хидматрасонии шабакаҳои насли оянда (NGN) қатъ карда шуд. Аз ин шабака тибқи маълумотҳои гуногун аз 500 ҳазор то 1 миллион нафар истифода мебурданд. Маблағҳои дар ҳисобашон будаи муштариёни шабакаҳо низ баргардонида нашудааст.
3 январ комиссиюни давлатие бо ширкати намояндагони Додситонии кулл таъсис шудааст, ки муваззаф шудааст сабаб ва натоиҷи басат шудани NGN-ро тафтиш кунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

