Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИдомаи таниши лафзии Покистону Амрико

Идомаи таниши лафзии Покистону Амрико

Дар идомаи танишҳои лафзӣ миёни Покистону Амрико, Парвиз Мушарраф Амрикоро муттаҳам кард, ки Покистонро фиреб додааст.

Ба иттилои хабаргузории DAILY EXPRESS, раисҷумҳури собиқи Покистон Парвиз Мушарраф дар вокуниш ба изҳороти зиддипокистонии Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Покистон дар мубориза алайҳи терроризм ба Амрико кӯмак кардааст, бинобар ин Амрико вазифадор буд, ки ҳазинаи ин кӯмакҳоро пардохт кунад.

Парвиз Мушарраф хитоб ба Трамп гуфт: “Шумо ба мо пул медодед, мо дар муқобил барои шумо иттилоот ва хадамот медодем”.

Парвиз Мушарраф дар идомаи суханонаш дар мавриди гурӯҳи Толибон ҳам изҳори назар карда гуфтааст, ки дар он замон фазо тавре буд, ки бояд бар зидди Толибон бо Амрико ҳамкорӣ мекардем.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи покистонии Dunyanews ҳам хабар додааст, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як тамоси телефонӣ бо Мамнун Ҳусейн раиси ҷумҳури Покистон, суханони Трампро маҳкум намуда гуфтааст, ки дар ҳар шароит шона ба шона дар канори Покистон ҳастем.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Русия ва Чин низ дар вокуниш ба суханони раисҷумҳури Амрико гуфта буданд, ки дар канори Покистон хоҳанд буд.

Танишҳои лафзӣ миёни Покистону Амрико дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 1-уми январ Покистонро муттаҳам кард, ки ба террористҳо паноҳгоҳ додааст. Намояндаи Амрико дар Созмони Милал ҳам таҳдид кард, ки Амрико кӯмакҳои 225 миллион доллариаш ба Покистонро қатъ хоҳад кард.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба ноором шудани вазъият дар Афғонистон ва пайдо шудани гурӯҳчаҳои зертобеъи ДИИШ, масъалаи амният дар ин кишвар ва таъсири он ба минтақа мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтан дорад ва кишварҳое, ки ба навъе дар Афғонистон манфиат доранд, шурӯъ ба ёргирӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои мавриди баҳс музокира бо гурӯҳи Толибон аст, ки аксари ин кишварҳо дар гузашта ин гурӯҳро “ифротӣ” медонистанд ва миллиардҳо доллар дар мубориза бар зидди ин гурӯҳ истифода шуда, ҳазорҳо нафар ҳам кушта шудаанд. Аз ҷумла эътирофи Парвиз Мушарраф аз ҳамкориаш бо Амрико бар зидди Толибонро ҳам аз ҳамин нуктаи назар мешавад арзёбӣ кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular