Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чанд рӯз қабл як додситонро ҳангоми гирифтани пора боздошт намуда, ба Додситони вилоят Воҳидов “тӯҳфа” намудааст.
Додситони калони шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Суғд Сангинзода М. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 5000 доллари ИМА аз тарафи Оҷонсӣ боздошт гардид.
Кормандони оҷонсӣ маводҳои лозимиро тартиб дода, дастгиршударо бо маводҳои парванда ба Додситони вилояти Суғд Воҳидов Х. супоридаанд. Вақти супоридан мегӯянд, ки ин тӯҳфаи оҷонсӣ ба додситони вилоят ба ҷашни 25 солагии истиқлолияти давлатӣ аст.
Аммо додситони вилояти Суғд «ба тӯҳфаи Оҷонсӣ беэътиноӣ намуда», Сангинзодаро бидуни сару садо озод мекунад, то обрӯи додситонӣ нарезад.
Бо вуҷуди яке аз фасодзадатарин будани додситонӣ дар Тоҷикистон, боздлшт ва бахусус ҳабс шудани додситонҳо аслан ба назар намерасад. Коршиносон инро дар аз салоҳиятҳои аз андоза зиёд бархӯрдор будани додситонӣ медонанд.