Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар худкушии сокини 43 солаи Ашт раиси ноҳияро гунаҳкор медонанд

Дар худкушии сокини 43 солаи Ашт раиси ноҳияро гунаҳкор медонанд

Як сокини 43 солаи ноҳияи Ашт баъди раҳо шуданаш аз боздоштгоҳ худкушӣ кардааст. Пайвандони марҳум ҳамсараш ва  раиси ноҳия Зариф Мирдадоевро гунаҳкор медонанд.

Тибқи гуфтаи як пайванди ӯ, Камолиддин Исоев, сокини деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт як моҳ қабл аз болои раиси ин ноҳия Зариф Мирдадоев ба додситонии ноҳия шикоят мебарад. Вале баъди чанд рӯзи шикояташ кормандони шӯъбаи ВКД дар Ашт ӯро боздошт мекунанд.

Додгоҳи ин ноҳия ҳам Камолиддинро бо иттиҳоми авбошӣ ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум мекунад. Баъди озод шуданаш аз боздоштгоҳ Камолиидини 43 сола ва соҳиби се фарзанд даст ба худкушӣ мезанад.

Камолиддин Исоев

Саабаби шикояти ӯ аз болои раиси ноҳияи Ашт, тибқи гуфтаи манбаъ, алоқаи номашрӯъи Зариф Мирдадоев бо ҳамсараш будааст. Ҳамсари Камолиддин замоне мудири мактаби ин деҳа буда, ҳамон вақт бо раиси ноҳия иртиботи номашрӯъ барқарор кардааст.

Манбаъ гуфт, баъди бохабар шуданаш аз алоқаи номашрӯъи раиси ноҳия бо ҳамсараш ӯ ба шаробнӯшӣ оғоз карда буд вале, бо вуҷуди талаби зиёди наздиконаш Камолиддин ҳозир нашуд аз ҳамсараш ҷудо шавад.

Манбаъи Паём дар ҳукумати ноҳияи Ашт ҳам ҳодисаи худкушии Исоевро тасдиқ кард ва гуфт овоза дар бораи алоқаи номашрӯъи раиси ноҳия бо ҳамсари Исоев аз як сол қабл вуҷуд дошт, вале аз шикояти Исоев аз болои раиси ноҳия изҳори бехабарӣ кард.

Қаблан ҳам дар бораи фасоди ахлоқии раиси ноҳияи Ашт як мақолаи дусаҳифагӣ ҳам ба Паём ворид шуда буд, вале бо далели ахлоқӣ Паём аз нашри он худдорӣ кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular