Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТавофуқи се ҳизби умдаи Олмон бар сари ташкили ҳукумати эътилофӣ

Тавофуқи се ҳизби умдаи Олмон бар сари ташкили ҳукумати эътилофӣ

 Баъд аз чаҳор моҳи баргузории интихобот, се ҳизби Демократӣ-масеҳӣ, Сотсиал-масеҳӣ ва Сотсиал-демократи Олмон ба тавофуқҳои аввалия барои ташкили ҳукумати эътилофӣ даст ёфтаанд.

 Бино ба гузориши Дойче Велле, ин се ҳизб як санади 28 саҳифаиеро имзо кардаанд, ки метавонад пояи музокироти онҳо бар сари ташкили ҳукумати эътилофӣ бошад.

Музокироти се ҳизби умдаи Олмон дар ҳоле шурӯъ шуд, ки баъд аз интихоботи моҳи сентябри соли 2017, ду ҳизби муттаҳиди Демократи масеҳӣ ва Сотсиал масеҳӣ, натавонистанд бо ду ҳизби Демократи озод ва Ҳизби сабзҳо барои ташкили як эътилофи бузург ба тавофуқ бирасанд. Музокирот баъд аз 4 ҳафта дар моҳи ноябр шикаст хӯрд ва ҳизби Демократи озод эълон кард, ки аз даври музокирот хориҷ мешавад.

Ҳамзамон бо шикасти музокирот, раҳбари яке аз ҳизбҳои дигари Олмон Сотсиал демократ низ гуфт, ки намехоҳанд дар ҳукумати эътилофӣ ширкат кунанд.

Аммо ду рӯз пас, яъне 22-юми ноябри соли 2017, раҳбари ҳамин ҳизб, Мартин Шултс эълон кард, ки омодааст бо ду ҳизби муттаҳиди масеҳӣ барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ба музокира биншинад ва раиси ҷумҳури Олмон  Франк Валтер Штайнмайер ҳам, зимни мулоқот аз раиси ин ҳизб талаб кард, ки бо ду ҳизби муттаҳиди масеҳӣ ба музокира биншинад.

Ҳоло баъд аз чаҳор моҳ дубора музокирот шурӯъ шуд ва ба назари коршиносон, тавофуқоти аввалия ба даст омадааст.

 Аз ҷумла ихтилофҳои асосие, ки садди роҳи эътилофи аҳзоби умдаи Олмон шуда буд: масъалаи муҳити зист, коҳиши қабули муҳоҷирон, кам кардани андоз аз қишрҳои бо даромади миёна ва боло бардоштани андоз аз соҳибкорони бо даромади калон буд.

 Аммо бар асоси иттлоъи расонаҳо, дар охирин нишасти музокирот, се ҳизб аз ҷумла дар бархе ҷузъиёти масъалаҳои зистмуҳитӣ, масъалаи қабули муҳоҷирон ва афзоиш наёфтани молиёт аз даромадҳои калон ба тавофуқ расидаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular