Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТағйири назари тоҷикон ба Ӯзбекистон

Тағйири назари тоҷикон ба Ӯзбекистон

Як тадқиқоти Маркази таҳлилии Бонки Рушди Авруосиё нишон додааст, ки назари беш аз 50 дарсади тоҷикон нисбат ба Ӯзбекистон куллан тағйир кардааст.

Ин назарсанҷӣ нишон додааст, ки аз 64 дарсад тоҷикон, ки дар соли 2012 Ӯзбекистонро ҳамсояи баде мешумурданд, дар охири соли 2017 танҳо 14 дарсадашон ба назари худ боқӣ мондаанд. Беш аз 50 дарсади онҳое, ки қаблан ба ҳамсоякишвар нигоҳи хуб надоштанд, назарашонро куллан тағйир додаанд.

Ин назарсанҷӣ нишон додааст, ки баъди марги раисҷумҳури қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, нигоҳи тоҷикон ба ин кишвар бо суръат рӯ ба некӣ овардааст.

Раисҷумҳурии кунунии Ӯзбекистон баъди расиданаш ба қудрат озодиҳои бештаре, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ ба мардумаш дод ва сиёсати муносибатҳои хайрхоҳона бо ҳамсоягонро пеш гирифт. Ин омилҳо боис шуданд, ки раисҷумҳури Ӯзбекстон на танҳо дар кишвараш, балки дар кулли Осиёи Марказӣ маҳбубият касб кунад.

Чанде пеш худи ӯ дар бораи ҳамсоягии нек зимни баромадаш дар парлумон гуфта буд “”.

Дар матбуоти Тоҷикистон ва ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикри номи раисҷумҳури Ӯзбекстон нисбат ба замони Ислом Каримов ба маротиб афзоиш ёфтааст. Шеваи ёдоварӣ ҳам ба куллӣ тағйир карда, агар аз Ислом Каримов бештар зикри манфӣ мерафт, аз Шавкат Мирзиёев ба некӣ ном бурда мешавад.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular