Паради бузурги ҳарбӣ, ки ба 23 феврал дар назар гирифта шуда буд, баргузор намешавад. Тамоми маблағ ва қувваҳо барои тайёрӣ ба 30-солагии истиқлоли кишвар равона карда мешавад.
Ҳукумат ба Вазорати дифоъ супориш додааст ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлол, ки 9-сентябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд, паради бузурги ҳарбӣ ташкил кунад. Дар ин бора сомонаи “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
“Ҳамчунин ҳукумат ба ҳамаи вазооратҳо ва мақомоти кишвар супориш додааст, ки тамоми ҷашну идҳои худро ба 30 солагии истиқлоли ҷумҳури интиқол диҳанд”-гуфтааст манбаъ.
19 декабри соли 2017, яъне як моҳ пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат супориш дода буд давоми ду моҳ кумитаи ташкили ҷашро таъсис дода, нақшаи баргузории ҷашни бахшида ба 30 солагии Истиқлоляии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

