Амороти муттаҳидам арабӣ иддао кардаанд, ки ду ҳавопаймои мусофирбарии ин кишвар тавассути ҷетҳои ҷангандаи Қатар пайгирӣ шудаанд. Қатар ин иттиҳомро беасос хондааст.
Мақомоти ҳавопаймоии кишвари Аморот Қатарро муттаҳам кардаанд, ки бо ҷетҳои ҷангандаи худ музоҳими ду ҳавопаймои мусофирбарии ин кишвар, ки озими Баҳрайн будаанд шуда ва онҳоро пайгирӣ кардаанд.
Дар баёнияи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ин бора омада, ки ин иқдоми Қатар таҳдиде хатарнок буда ва ҳаракате аст мухолифи қавонини ҳуқуқи байналмилал, зеро ин ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар масири оддии худ парвоз мекарданд ва куллияи муҷаввизҳои лозимро низ доштанд.
Қатар ин иттиҳомҳои Аморотро ба шиддат рад карда ва онҳоро беасос хондааст. Яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷаи Қатар дар ин робита дар як паёми твитерии худ навиштааст, ки ин иттиҳомҳо беасос ҳастанд.
Равобити Аморот ва Қатар дар ҳоли ҳозир ба шиддат тира аст. Аморот яке аз чаҳор кишвари арабие аст, ки дар моҳи июни сол 2017 куллияи равобити худро бо Қатар қатъ кард. Ин чаҳор кишвари араб Қатарро муттаҳам мекунанд, ки бо Ихвонулмуслимин, Ҳамос ва ҳамчунин бо Эрон робитаи наздик дорад. Қатар ин иттиҳомҳоро рад кардааст.
Буҳрон аз онҷо шурӯъ шуд, ки дар сойти расмии Ҳукумати Қатар суханони Амири Қатар нашр шуд, ки дар ҳимоят аз Ихвонулмуслимин ва Ҳамос сухан мекард ва алайҳи мавқеъи Сайдиву Қатар ҳам мавқеъгирӣ карда буд. Аммо ҳукумати Қатар билофосила ин суханонро рад кард ва эълон кард, ки сойтҳои расмии ин кишвар ҳак шудаанд ва касоне ин матлабро амдан ва ҳадафмандона нашр кардаанд. Арабистони Саудӣ, Аморот, Миср ва Баҳрайн ба муқобили Қатар мавқеъгирӣ карданд ва алайҳи ин кишвар як силсила таҳримҳо ҷорӣ карданд.
Дар ҳамон ибтидои ин бӯҳрон, Туркия дар канори Қатар истод ва дар ин кишвар пойгоҳи низомии худро боз кард. Ин чаҳор кишвар шартҳоеро барои оддисозии равобити худ бо Қатар эълон карданд, ки аз тарафи ин кишвар пазируфта нашуд, вале кишварҳои таҳримкунанда як қадам қафо нишастанд ва шартҳояшонро дар баробари Қатар камтар намуданд. Аммо боз ҳам Қатар ҳозир нашуд ҳеҷ шартеро бипазирад.
Аморот ва Қатар ихтилофоти бисёре низ бар сар ҳарими ҳавоии худ доранд. Қатар Аморотро муттаҳам карда буд, ки дар 21 декабри соли гузаштаи мелодӣ ва ҳамчунин дар севвуми январи соли ҷории 2018 ба ҳарими ҳавоии ин кишвар таарруз кардааст.
Ширкатҳое чун Аморот, Иттиҳод, Флай дубаи ё Аларабия парвоз аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Баҳрайнро дар барномаҳои худ қарор додаанд.. Сухангӯи ин ширкатҳо ба пурсиши хабаргузории Фаронса дар бораи раҳгирии ҳавопаймоҳо посухи дақиқ надодаанд. Онҳо ин иддаоро таъйид ё такзиб накардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

