Ҳавопаймои Tajik Air , ки бо даҳҳо нафар мусофир аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба самти Душанбе парвоз дошт, ба сабабҳои ҳанӯз номаълум дубора ба фурудгоҳи байналмиллилаии “Манас” нишаст.
Хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки ин ҳодиса зӯҳри рӯзи гузашта 7- уми сентябр рух додааст ва пас аз нишасти садамавии ҳавопаймо мусофирон ба ҷои амнтар интиқол ёфтаанд.
Аммо таъкид мегардад, ки мусофирони тоҷик як шабро дар курсиҳои фурудгоҳ гузаронидаанд ва бо хӯроки гарму ҷои хоб таъмин нашудаанд. Аз дафтари матбуоти фурудгоҳи “Манас” гуфтанд, ки мусофиронро дар чунин ҳолат ҳамон ширкате бояд бо ҷои хобу ғизои гарм таъмин созад, ки интиқоли онҳоро бар ӯҳда гирифтааст.
Ҳамчунин ин манбаъ афзуд, сабабҳои нишасти садамавии ҳавопаймои Тоҷикистон маълум нест ва тахмин меравад, ки носозии техникӣ маҷбур кардааст, ки халабонҳо ба чунин амал даст зананд. Таъкид мешавад, ки субҳи 8 уми сентябр аз Душанбе ҳавопаймои дигаре омада ва ҳамаи мусофиронро аз Бишкек ба пойтахти ватан расондааст.