Дар 8 умин даври гуфтугӯҳои Арг ва Ҷамъияти исломӣ, раёсатҷумҳурӣ 7 мавриди пешниҳодии Ҷамъияти исломиро пазируфтааст. Аммо ихтилофоти аслӣ ҳанӯз боқист.
Баъд аз барканории волии қудратманди Балх ихтилофоти Ҷамъияти исломӣ ва Арг дар Афғонистон ба авҷ расид. Кор то онҷо пеш рафт, ки . Аммо дар ҳаштумин даври гуфтугӯҳо ду тараф бар сари 7 маврид аз ба тавофуқ расидаанд.
Ин дар ҳолест, ки сафири Амрико дар Кобул ҳам аз идомаи ин ихтилофот изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳалли ихтилофот аз роҳи сиёсӣ шуд. Сафири Амрико таъкид кардааст, ки натиҷаи гуфтугӯҳо миёни Нур ва Ғанӣ бояд барои ҳама пазируфтанӣ бошад. Зеро аз идомаи чунин вазъият танҳо ҳаросафканон суд мебаранд.
Ҳоло маълум нест, ки идомаи ин гуфтугӯҳо ба куҷо хоҳад анҷомид ва Ато Муҳаммад Нур билохира розӣ мешавад аз раҳбарии вилояти Балх канор биравад ё на.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

