Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПоёни имперотурии Иноятов. Раҳбари Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон барканор шуд

Поёни имперотурии Иноятов. Раҳбари Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон барканор шуд

Ҷенерол-сарҳанг Рустам Иноятов аз мақоми раҳбарии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекситон (ХАМӮ) барканор карда шуд. Дар ин бора дар маҷлиси якҷояи Хадамоти амнияти миллӣ ва Додситонии кулли ин кишвар эълон шуд. 

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 31 январ замоне ки аз Раёсати марказии ХАМӮ боздид мекард, фаъолияти ин ниҳодро зери  танқиди шадид гирифт.

Иноятов 22 сол раҳбари Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон буд. Имрӯз мақоми ӯро Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола, ки то ин замон додситони кулли ин кишвар буд, соҳиб шуд. 

Рустам Иноятов 73 сол дошта, 22 июни соли 1944 дар шаҳраки Шерободи вилояти Сурхандарё таваллуд шудааст. Падараш Расул Иноятов сарҳанги Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) буд. Соли 1968 Рустам Иноятов бахши забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистонро тамом карда, ба артиш рафт ва онҷо ба сафи КГБ пазируфта шуд. Аз соли 1976 то 1981 чун ҷосуси Шӯравӣ дар Афғонистон зери ниқоби дипломатӣ фаъолият кардааст. 27 июни соли 1995 раҳбари ХАМӮ таъин шуд. Иноятов яке аз 8 мақомдори баландпояи Ӯзбекистон аст, ки баъди ҳаводиси Андиҷон вурудашон ба Аврупо, тибқи яке аз таҳримҳои ИА нисбати Ӯзбекистон, манъ шудааст.

То охирин лаҳзаҳо мақоми Рустам Иноятов хеле қавӣ арзёбӣ мешуд. Замоне ӯ чун дорои қавитарин имкон барои ҷойгузинии раисҷумҳури қаблӣ Ислом Каимов матраҳ мешуд ва интиқоли қудрат аз Каримов ба Мирзиёевро бештари коршиносон натиҷаи созишномаи раҳбари феълии кишвар ва сарвари ҲАМ медонистанд. Ба Иноятов ба ҷузъ раҳбарии ҲАМ ташкили як бизнес-имперотурии бузургро низ нисбат медиҳанд. Дар бораи бизнеси ӯ гоҳе маълумотҳое дар ВАО пайдо мешуданд.  

Дар ҳамин ҳол охири соли 2016 ҷонишини аввали Иноятов Шӯҳрат Ғуломов аз вазифааш барканор шуда буд. Ин барканориро коршиносон ба он нисбат медоданд, ки Ғуломов ба Мирзиёев писанд нест. Баъди он раҳбари кишвар ислоҳоти пулиро роҳандозӣ кард, ки боиси баҳси ӯву Иноятов гардид.

Гуфтанист, ки баъди расидан ба райсатҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев аксари кулли роҳбарияти вазоратҳои қудратиро барканор кард. Аз ҷумла вазири корҳои дохила ду бор иваз гардид ва моҳи сентябри соли 2017 Пӯлод Бобоҷонов вазири корҳои дохила ва Абдусалом Азизов вазири дифоъ таъин гардиданд.

Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон соли 1991 таъсис ёфта буд. Вазифаҳои асосии он фаъолияти ҷосусӣ ва зиддиҷосусӣ ба нафъи Ӯзбекистон ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил муайян гардид. Вале, чуноне ки моҳи декабри соли 2017 раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев эътироф кард, баъдан ҳуқуқҳои ин ниҳод бидуни зарурат хеле зиёд карда шуданд. Ӯ дар бораи зарурати ислоҳоти ин ниҳод ҳарф зада, даъват кард қонуне дар ин маврид қабул гардад. Айни замон фаъолияти ХАМӮ тибқи қонуни қабулшуда дар соли 1991 танзим мешавад.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular