Вазири адлияи Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро рад кард. Рустами Шоҳмурод рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, то ба ҳол касе дар Тоҷикистон барои фаъолияти сиёсӣ зиндонӣ нашудааст ва гузориши баъзе созмонҳои байналмилалиро дар ин маврид беасос хонд.
“Дар қонунгузории кишвар мафҳуми “маҳбуси сиёсӣ” вуҷуд надорад, ҳамагуна даъво дар бораи вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ бепоя аст ва ҳамаи маҳбусон барои ҷинояти содиркардаи худ дар боздошт ҳастанд”.
Аммо тибқи изҳорот ва баёнияҳои нозирони ҳуқуқӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар даҳҳо нафар бо айби ангезаҳояшон сиёсӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд ва барои намуна аз аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24”, соҳибкор Зайд Саидов ва вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва дигарон мисол меоранд.
Муаззама Қодирова, вакили собиқи Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 31-уми январ дар посухи хаттӣ тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои мақомот дар бораи вуҷуд надоштани зиндониҳои сиёсӣ нодуруст аст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “парвандаи Бузургмеҳр Ёров фармоишӣ ва сиёсӣ буд”.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онҳоеро маҳбуси сиёсӣ меноманд, ки бар алайҳашон бо ангезаҳои сиёсӣ айб эълон шудааст. Чунин афрод маъмулан барои мухолифаташон ба низоми ҳоким таҳти таъқиб қарор гирифта, дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста маҳкум мешаванд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онҳоеро маҳбуси сиёсӣ меноманд, ки бар алайҳашон бо ангезаҳои сиёсӣ айб эълон шудааст. Чунин афрод маъмулан барои мухолифаташон ба низоми ҳоким таҳти таъқиб қарор гирифта, дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста маҳкум мешаванд.
Мавзӯи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон солҳо боз матраҳ аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маҳбусоне чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи ҳизби демократ, аъзои зиндонии ҲНИТ ва чанд вакили дифоъро сиёсӣ мешуморанд.
Онҳо мегӯянд, вазири собиқи саноат ва соҳибкори маъруф Зайд Саидов низ соли 2013 баъди эълони азмаш ба таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав бо иттиҳомоте, чун ришвагирӣ, тахаллуфоти молӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум шуда буд. Тарафдорону наздикони Саидов ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, далели аслии таъқиби ӯ сиёсӣ буд.
Бознашр аз “Радиои Озодӣ”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

