Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири хориҷаи Олмон ба Исроил: шумо наметавонед то абад сарзамини Фаластиниҳоро дар...

Вазири хориҷаи Олмон ба Исроил: шумо наметавонед то абад сарзамини Фаластиниҳоро дар ишғоли худ нигоҳ доред

Олмон ва ба хусус  садри аъзами он хонум Ангела Меркел ҳамвора таъкид кардааст, ки кишвараш дайни бузурге ба миллати яҳуд дорад ва аз ин рӯ ҳимоят аз Исроил дар баробари душманонаш, яке аз пояҳои сиёсати хориҷии он кишварро ташкил медиҳад ва як тааҳҳуди маънавӣ нисбат ба яҳудиён аст.

Вале охирин дидоре, ки вазири хориҷаи Олмон бо нахуствазири Исроил дар Байтулмуқаддас дошт, мулоқоти чандон дӯстонае набуд.  То ҷое , ки бисёре аз рӯзномаҳои Исроил ишораи чандоне ба баҳсҳои он накарданд.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар гузорише атрофи ин мулоқот навишт, Зигмор Габриел вазири хориҷаи Олмон бо сароҳат гуфт, ки ду кишвар перомуни масъалаи Фаластиниҳо ихтилофи назарҳои амиқ  доранд.

Габриел, ки яке аз тарафдорони сахти ҳамкориҳои иқтисодии кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, дар дидор бо Нетанёҳу ба ӯ гуфт: «шумо наметавонед барои ҳамеша сарзамини Фаластиниҳоро дар ишғоли худ нигоҳ доред.»

Вазири хориҷаи Олмон пеш аз дидор бо Нетанёҳу таъкид кард, ки аз тасмими пешини худ барои мулоқот бо поягузорони ниҳоди ба номи «сукутро мешиканем» (shovrim shtika) сарфи назар кардааст.

Ин созмонро гурӯҳе аз афсарон ва сарбозони неруҳои захираи артиши Исроил барпо кардаанд, ки ҳадафи он мусоҳиба бо сарбозоне аст, ки дар амалиёти низомӣ алайҳи Фаластиниён ширкат кардаанд ва матолиберо интишор медиҳанд, ки аз амалҳои ғайриқонунӣ дар ҷабҳаи набард ҳикоят мекунанд.

Артиши Исроил бисёре аз иттиҳомоти матраҳ шуда дар гузоришҳои ин ниҳодро нодуруст хонда ва мегӯяд ҳамин матолиб боиси таҳияи иддаономаҳои ғайриодилона алайҳи сарбозони исроилӣ дар додгоҳи байналамилалии ҷароими ҷангӣ мешавад.

Ба гузориши “Садои Амрико” давлати Олмон яке аз таъминкунандагони будҷаи ин созмон аст, ки сабаби хашми давлати Исроил шудааст.

Хабаргузории “Ройтерз” низ дар гузориши худ перомуни равобити Олмон ва Исроил, навиштааст: “Зигмор Габриел дар дидор бо Нетанёҳу гуфтааст, ки Исроил дар миёни кишварҳои Аврупоӣ бо нохурсандиҳои физоянда рӯбарӯ аст ва бояд рафтори худро нисбат ба Фаластинён тағйир диҳад”.

Ба навиштаи рӯзнома «Исроил ҳюм»  Нетанёҳу дар тавзеҳи сиёсатҳои давлаташ таъкид кард, ки аз як су Ҳамос хоҳони нобудии Исроил аст ва Фатҳ аз назари расидан ба сулҳ бо Исроил ба чанд даста тақсим шуда ва Маҳмуд Аббос низ пешшартҳое таъйин карда, ки расидан ба сулҳро ғайримумкин месозад.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди чандин қатънома дар Созмони Милал дар бораи қатъи шаҳраксозиҳо, Исроил ба густариши шаҳракҳои яҳудинишин исрор варзида онро идома додааст, ки яке аз монеаҳои аслии расидан ба сулҳ байни Исроил ва Фаластин аст.

Бо вуҷуди ин, Габриел ҳамон арзёбиҳои худро дар суханронӣ дар ҳамоиши умури амниятие, ки  дар Телавив баргузор шуд, баён кард.

Ба гузориши “Ройтерз”, вазири хориҷаи Олмон дар ин суханронӣ, бо ишора ба иртибототи созмонҳои Фаластинӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, хитоб ба Исроил гуфт: «мусалламан ҳеҷ давлати дӯсте монанди давлати оқои Трамп дар Иёлоти Муттаҳида барои Исроил рӯи кор наомада, вале оё ҳамаи ин тасмимоти Амрико, фақат  барои Исроил хубӣ меоварад?»

Ӯ дар тавзеҳи дидгоҳи худ гуфт, ки давлатҳои пешини Амрико нақши мусбате дар пешбурди сулҳ доштаанд, ва афзуд: «оё акнун Амрико метавонад ҳамон нақши миёнҷии бетарафро ифо кунад?»

Нашрияи хабарии «таймз оф исроил» навишт: «дидори вазири хориҷаи Олмон аз Исроил дар шароите сурат гирифт, ки давлати Берлин аз боло рафтани мавҷи яҳудситезӣ ва тазоҳуроти зидди Исроили дучори нигаронӣ шудааст.»

Оташ задани парчами Исроил дар тазоҳуроти ахир дар Олмон, ки дар робита бо Ерусалим баргузор шуд, баҳсҳои шадидеро дар он кишвар ба вуҷуд овард. Дар ҳадде, ки тасмим гирифта шуд барои равшан сохтани ҷанбаҳои хатарноки ин навъ гароишҳо, як ришта фаъолитҳои фарҳангӣ ва тавзеҳотӣ ба амал ояд ва аз ҷумла тавсия шуд, ки паноҳҷуён ба дидори урдугоҳи марги “ошуитс” дар Полша фиристода шаванд, то бубинанд, ки Олмони ҳитлерӣ чӣ ҷиноёте алайҳи яҳудиён муртакиб шудааст.

Хабаргузории олмон «дойчевелле» низ дар гузорише навишт, ки вазорати иттилооти Олмон аз афзоиши гароишҳои рости ифротӣ дар миёни сарбозони он кишвар нигарон аст ва бояд барои рафъи он ба чораҷӯӣ пардохт.

Хабаргузории  Фаронса навишт: «73 сол пас аз онки урдугоҳи марги “ошуитс”  тавассути артиши сурх озод шуд ва боқӣ мондаи яҳудиён аз марг наҷот ёфтанд, акнун давлати Олмон бояд бо қудрат гирифтани рости ифротӣ ва ҳамчунин бо вуруди муҳоҷироне сару кор гирад, ки аз кишварҳои зидди Исроили ба Олмон омадаанд.»

Ин хабаргузорӣ ёдоварӣ кард, ки ҳизби рости ифротӣ бо номи «Гузинае барои Олмон» дар охирин интихобот, сездаҳ дарсад аз курсиҳоро ба худ ихтисос додааст.

Дар ин миён, давлати Исроил аз Олмон интизор дорад, ки ба Полша дар робита бо ончи, ки «қонуни ҳулукост» номида мешавад, фишор оварад.

Дафтари нахуствазири Исроил эълом кард, ки ба иллати тасвиби чунин қонуне дар парлумони Полша (, ки ба мӯҷиби он ҳеҷ кас ҳаққ надорад бигӯяд, ки Полша бо Олмони нозӣ дар куштори яҳудиён ҳамкорӣ доштааст) аз пазироӣ аз раиси Шӯрои амнияти миллии Полша худдорӣ мекунад.

Лаҳистон бар хилофи Олмон худашро мадюни Исроил ва яҳудиён намедонад, балки мекушад исбот кунад, ки ин кишвар дар куштори яҳудиён даст надоштааст.

Ба навиштаи “Асушейтид пресс”, вазири хориҷаи Лаҳистон ибрози умедворӣ кард, ки ин буҳрон, ба муносиботи амниятӣ ва сиёсии ин кишвар бо Амрико латмае ворид накунад.

Вале рӯзномаи Исроилии “Маъорию” навишт, ки раисҷумҳури Лаҳистон эълом карда, ки алорағми хашми давлати Исроил қасд дорад қонунеро, ки тасвиб шуда, имзо карда ва онро расмӣ кунад. Амре, ки мумкин аст иқдомоти баъдии Исроилро дар пай дошта бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular