Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамлаи як марди кафанпӯш ба кохи Раёсатҷумҳурии Эрон

Ҳамлаи як марди кафанпӯш ба кохи Раёсатҷумҳурии Эрон

Нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сӯи як марди кафанпуш тирандозӣ кардаанд, ки мехост вориди кохи президентӣ шавад.

Ба гузориши расонаҳо Мӯҳсин Ҳамадонӣ, муовини амниятии устондори Теҳрон ин ҳамларо таъйид кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин муҳоҷим ҳангоми вуруд бо силоҳи сард мусаллаҳ буд ва ҳангоми тафтиш ва бозрасии баданӣ бо маъмурон даргир шудааст.

Бинобар ин муҳофизони кох ба суи ӯ тирандозӣ кардаанд ва пас аз захм бардоштан дастгир шудааст.

Ба гуфтаи Ҳамадонӣ ангезаи ин шахс барои ин кор ҳануз маълум нашудааст.

Тобистони соли гузашта ҳам ҳамлаи мусаллаҳонаи ДОИШ ба парлумони Эрон сурат гирифта буд, ки боиси афзоиши тадобири амниятӣ дар атрофи парлумони ин кишвар шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular