Чанд муддат мешавад, ки баъзе гурӯҳҳо ва шахсиятҳо мехоҳанд бо дуруғ худро наҷотдиҳандаи миллат, бунёдгузори давлати тоҷикон ва соҳиби кишваре ба номи Тоҷикистон муаррифӣ намоянд. Барои исботи як дуруғаш маҷбур аст даҳҳо дуруғи дигар бигуяд.
Ӯ мехоҳад ҷангҳои худашро дар солҳои 92 ба демократияхоҳӣ нисбат бидиҳад. Ҳатто нашармида даъво кардааст, ки ман дар он замон ҳукумати демократӣ ва дунявӣ мегуфтам. Барои онки ҷиноятҳои ҷангиашро бипушонад ва нагузорад ӯро барои истифода аз артиши кишварҳои бегона муҳокима намоянд, маҷбур аст дуруғи дигаре бигуяд. Он дуруғ ҳам ин аст, ки дар он даврон касоне буданд, ки мехостанд ҳукумати исломӣ бисозанд. Ҳатто шарм надошта иттиҳомоти фаровонеро ба Наҳзати Исломӣ нисбат медиҳад ва даъво мекунад, ки ҲНИТ мехост давлати исломӣ барпо кунад.
Ҳоло биёед ҳаводиси соли 92 ро на аз нигоҳи танги як нафар, балки каме васеътар ва мунсифонатар нигоҳ кунем.
Дар ҳаводиси солҳои 90 фазои сиёсии кишвари мо воқеан хеле боз ва созанда буд. Дар тамоми фаъолиятҳои сиёсии он замон нақши ҲНИТ хеле равашан ва ошкор дида мешуд. Аммо ҳаргиз аз забони раҳбарони он ибораи “мо ҳукумати исломӣ месозем” садо надодааст. Ҳамон гунае, ки дар тамоми ҷомеаҳои озод афроди алоҳида ва баъзе гурӯҳҳо андеша ва афкори хосси худро доштанд, дар Тоҷикистони он замон ҳам чунин буд. Шояд буданд афрод ва гурӯҳҳое, ки ба дунболи сохтани ҳукумати мавриди назари худ буданд. Аммо як шахс ё як гурӯҳ далел шуда наметавонад.
Агар ҲНИТ он замон мехост ҳукумати исломӣ ташкил кунад, аллакай ин имконро дошт, зеро аксарияти неруҳо марбут ба он буданд, вале ҳаргиз ин корро накард.
Аз тарафи дигар вақте ҳукумати муросои миллӣ ташкил шуд, ҲНИТ боз ҳам ҳеҷ иддаое барои сохтани ҳукумати исломӣ накард, балки бо тамоми ҳизбу ҳаракатҳои мавҷуд ҳамкорӣ намуда, дар фикри сохтани як давлати миллии фарогир буд. Инро метавон дар ҳукумати муросои миллии соли 1992 бараъло мушоҳида намуд.
Аз тарафи дигар баъд аз онки бо хоҳиши раиси шурои олии тозаинтихобшуда ҳавопаймоҳои кишварҳои бегона мардуми тоҷикро бомбаборон карданд, як қисми калони миллат маҷбур шуданд ба кишвари Афғонистон ҳиҷрат намоянд. Дар ин ҳиҷрат танҳо аъзоёни ҲНИТ набуданд, балки тамоми ҳизбу ҳаракатҳои озодихоҳ шомил буданд. Бинобарин ҳамаи неруҳо дар канори ҳам истоданд ва Иттиҳоди Неруҳои Мухолифини Тоҷикистонро ташкил намуданд. Агарчӣ роҳбарии ин иттиҳод ба души раҳбари ҲНИТ марҳум С.А.Нурӣ буд, вале ҳаргиз ҳадафи он ташкили давлати исломӣ эълон нашуда буд. Балки ҳадафи он мубориза барои озодӣ ва бозгашти сарбаландона ба Ватан буд. Ҳатто ин ҳадаф амалӣ ҳам шуд.
Аммо ин иттиҳоми дуруғе, ки Раҳмон мехоҳад барои исботи “қаҳрамонии” худаш ба ҲНИТ бор кунад ягон асоси воқеӣ надошт ва надорад. Балки ин худи Раҳмон буд, ки барои барқарории Иттиҳоди Шуравӣ ва бар зидди истиқлолияти кишвар меҷангид. Сафарҳояш ба кишвари ҳамсоя ва ҳамлаи Кенҷаев ва Рустами Абдураҳим бо артиши кишвари ҳамсояро мардуми Душанбе худ дар ёд доранд.
Воқеият ин аст, ки ҲНИТ ҳамеша гуфтааст, ки мо хостори ҷомеаи арзишмешвар ҳастем ва ин ҷомеа метавонад аз тариқи як ҳукумати демократӣ ё ҳар ҳукумати дигаре сохта шавад. Зеро ҲНИТ ҳамеша таъкид кардааст, ки барои мо арзишҳо муҳиманд, на шакл ва номи як ҳукумат. Зеро як ҳукумати ба ном демократӣ ва дунявӣ мисли ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон тамоми арзишҳои инсонӣ, миллӣ – исломӣ ва ҳатто оддитарин озодиҳои фитрии инсонҳоро низ поймол мекунад.
Аммо Раҳмон чун мехоҳад тамоми дастовардҳои миллатро азони худ кунад, даст ба таҳрифи таърих задааст. Ӯ мехоҳад мардум ба ин афсона бовар кунанд, ки ҲНИТ давлати исломӣ сохтанӣ буд ва Раҳмон мисли “Зоро” аз куҷое пайдо шуд ва мардумро наҷот дод.
Ҳоло бояд ҷониби дигари қазияро ҳам дар назар бигирем. Агар дар он рӯзҳо ҷаноби Раҳмон бо ҳимояти артиши “падараш” ба ҳукумати муросои миллӣ ҳамла намекарду ба ин ҳукумат фурсати кор кардан дода мешуд, имрӯз мо чигуна ҳукумате медоштем?
Ҳамонгунае, ки дар кишварҳои назди балтик он ҳукуматҳо боқӣ монданду муваффақ ҳам шуданд. Аммо кӣ ба муқобили ҳукумати муросои миллӣ ҷангиду онро аз байн бурд? Дар он замон маркази фикрӣ ва идеологии ҳамин “Пешво” ва “Зорои қаҳрамон” дар кадом кишвар қарор дошт? Баъди таъйин шуданаш ба унвони раиси шурои олӣ аввалин парвозаш ба куҷо буд ва бо кӣ мулоқот намуд?
Ҳамаи инро миллат медонад ва фаромӯш нахоҳад кард!
Ва ҳатман ин саволро матраҳ хоҳад кард, ки ҷангро исломиҳо барои сохтани Давлати Исломӣ шуруъ карданд ё атеистону як гурӯҳ шуришгар ба хотири барқарории Иттиҳоди Шуравӣ?