Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭрон ба истеҳсоли тайёраҳои бесарнишини бомбандоз оғоз кард

Эрон ба истеҳсоли тайёраҳои бесарнишини бомбандоз оғоз кард

Дар Эрон,   истеҳсоли силсилаи тайёраи бесарнишини «Mohajer-6», ки бо бомбаҳои  мавсуф ба «Доно» муҷаҳҳаз гардидаанд, оғоз ёфт. Дар ин бора  дафтари матбуотии Вазорати дифои Эрон хабар додааст.

Бино ба иттилои Амир Хотамӣ, сардори шӯъбаи низомии Эрон, тайёраҳои  бесарнишини тозаистеҳсоли «Mohajer-6» имкон дорад, ки парвозҳои дарозмуддат дошта бошад. Ин дастгоҳ барои дарёфти иттилоот дар бораи душман ва ифшои паноҳгоҳи онҳо низ метавонад хидмат кунад.
«Mohajer-6» қобилияти интиқоли силоҳҳои дастиро низ дорад.

Аз байни истеҳсолкунандагони ин намуди тайёраи бесарнишин, ки қобилияти интиқоли силоҳ, бомба ва мушакро низ дорад ИМА  дар ҷои аввал мебошад. Тайёраи бесарнишини “MQ-9 Reaper”, ки истеҳсоли ИМА карда мебошад, метавонад 4 адад мушак ва ду бомбаро бо худ дошта бошад.  “MQ-9 Reaper” аз ҷониби артиши Амрико дар Афғонистон фаъолона истифода мешаванд.
Истифодаи машҳуртарини MQ-9 Reaper дар соли 2010 дар сарҳади Афғонистону Покистон барои нобуд ва безарар  гардонидани Мустафо Абуязид, яке аз роҳбарони Ал-Қоида ба шумор меравад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular