Saturday, May 31, 2025
ads
HomeХабарҳоФардо дар Бӯстон Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар фиреб хоҳанд кард

Фардо дар Бӯстон Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар фиреб хоҳанд кард

Қарор аст фардо, 13 сентябр дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск), кӯчаи Исмоили Сомонӣ (рӯ ба рӯи бинои Маркази алоқа) бинои истиқоматие барои афсарони Вазорати дифоъ тӯҳфа гардад.

Ин бинои дуошёна аз 22 хона иборат буда, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон бо қайчияш дар ифтитоҳи он ширкат намояд ва 22 оилаи афсарон соҳиби хонаҳои “нав” гарданд.

Соҳиби хона шудани афсарон боиси хурсандии на танҳо худи онҳо, балки ҳар фарди ватандӯст аст. Аммо ин тӯҳфа ба дарди сари на танҳо “навхонаҳо”, балки хешу табору рафиқони онҳо ҳам табдил шудааст.

Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода қасд дорад Раисҷумҳурро моҳирона фиреб диҳад ва ин биноро чун бинои навсох муаррифӣ кунад. Дар асл бино аз давраи дақёнус ҳам набошад, аз замони Брежнев боқӣ монда то соле пеш садамавӣ ҳисоб меёфт ва онро таъмир карданду мехоҳанд ба афсарон тӯҳфа кунанд.

Аммо фиреб бо ин тамом намешавад. Раиси шаҳри Бӯстон, албатта бо дастгирии Абдураҳмон Қодирӣ, ба афсарон амр кардааст, ки хонаҳоро бо мебелу зарф пур кунанд: ӯ мехоҳад ба Раисҷумҳур гузориш диҳад, ки мебелу зарфҳоро ҳукумати шаҳри Бӯстон тӯҳфа кардааст. Давлатзода таҳдид кардааст, ки ҳар касе хонаашро пур накард, аз он маҳрум хоҳад шуд. Афсарони бечора бо илтимосу зорӣ аз хешовандону шиносҳои дорояшон мебел ва зарфҳоро қарз гирифта хонаҳоро пур кардаанд.

Аммо дирӯз хонумраис аз хонаҳо дидан кард ва ба афсарон амр кард, ки яхдону мошинҳои ҷомашӯии нав ҳам оварда монанд. Ба на мерасад Рухсора Давлатзода қарор додааст худашро аз ҳисоби дигарон ба Раисҷумҳур саховатмандтар нишон диҳад. Ду рӯз аст, ки афсарону ҳамсарони эшон мағоза ба мағоза мегарданд, то яхдону мошини ҷомашӯӣ қарз гиранд. Барои ду рӯз.

Яке аз афсарон аслан натавонистааст мебели хонаашро қарз гирад. Давлатзода як деворҷевон (стенка) ва як гарнитури хоб оварда монда, таъкид кардааст, ки баъди рафтани Раҳмон онҳоро хоҳад бурд.

Фардо телевизионҳои давлатӣ аз тӯҳфаи саховатмандонаи Раҳмон ба афсарон дар шакли як бинои замонавӣ ва аз дасткушодии раиси шаҳри Бӯстон дар шакли биноҳои пур аз ашёи зарурӣ ҳикоя хоҳанд кард.

Аммо ду рӯз пас аксари ин хонаҳо холӣ хоҳанд шуд…

Даҳ сол пас шояд худи ҳамон қитъа аз ин “бинои замонавии навсохт” холӣ шавад…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика