Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМанфиати Тоҷикистон аз ба имзо расидани БҲМЗҶМ дар  Федератсияи Русия

Манфиати Тоҷикистон аз ба имзо расидани БҲМЗҶМ дар  Федератсияи Русия

Рӯзи 6-уми феврали соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия маросими баимзорасонии  Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Русия (БҲМЗҶМ)  баргузор гардид.

Дар маросими ба имзорасонии ин Созишнома, Рамазон Раҳимзода, Вазири ВКД Тоҷикистон низ ширкат дошт ва аз ҷониби ӯ низ ин санади байналмилалӣ имзо шуд.

Тавре дафтари матбуотии ВКД ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст, ин Созишномаи байналмилалӣ мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Русия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.

Аммо дар бораи фаъолияти амалии ин Бюро дар гузоришҳо чизе гуфта нашудааст. Бинобар Паём.нет аз коршиносону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат дар бораи корҳои амалӣ ва чигунагии фаъолияти Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Русия пурсон шуд. Инак ҷавоб онҳо пешкаши Шумо хонандагон мегардад:

Файзинисо Воҳидова- коршиноси масоили ҳуқуқӣ: Ин Бюро мисли Интерпол аст, ки намояндаи он дар бисёр кишварҳои дунё фаъолият мебаранд. Созишномаи мазкур бо он мақсад ба имзо расидааст, ки муҳоҷирони кории мо дар Федератсияи Русия бисёранд, ки онҷо қарор гирифта, эҳтимол ба муқобили амнияти Тоҷикистон гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил созмон медиҳанд ва ё ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳамроҳ мешаванд. Гарчанде онҳо дар Русия қарор доранд ва ҳар ҷинояте содир мекунанд, бояд аз рӯи маҳалли ҷои содиршавии ҷиноят, яъне бо қонунҳои Федератсияи Русия ҷавобгар шаванд, вале ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки гарчанде ҷиноят дар гурӯҳи муташаккил, дар ҳудуди Русия содир мешавад, вале ин кирдор ба муқобили манфиатҳои кишвари мо равона гардидаанд, аз ин рӯ бояд бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва барои ба ҷавобгарӣ кашидан ба Тоҷикистон истирдод менамоянд.

Акнун барои осон шудани кор ва ҳам сарф нашудани қувваҳои кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳудуди Русия бюро ташкил дода, аз ҳисоби ниҳодҳои интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои муташаккил кор мекунанд.

Яъне, кормандони милисаи кишвари мо дар ҳудуди Федератсияи Русия амал менамоянд, ки маънояш ба тариқи содда гӯем, милисаи тоҷик дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик ва ё шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки бо кор, таҳсил ва ё мақсади дигар он ҷо қарор доранд.

Онҳо бар зидди ҷиноят ва ҷинояткоре, ки алайҳи манфиатҳои давлати мо равона гардидаанд, фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯиро ба роҳ монда, ҷинояткорро дастгир ва ба Тоҷикистон расман таслим мекунанд. Агар ин корҳо пештар ғайриқонунӣ амалӣ мешуд ва шахсони мулкии номаълум шаҳрвандони моро бо роҳи дуздӣ ва ё дигар василаи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон месупорид, акнун ҳамин кирдорҳои ғайриқонунии қаблиро расмӣ карданианд.

Шокирҷон Ҳакимов- ҳуқуқдон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ: Аслан ҷиҳати ҳамкорӣ оид ба корҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва парвандаҳои ҷиноятию иқтисодӣ миёни кишварҳои ИДМ санадҳои марбута ба тасвиб расидаанд. Инчунин бевосита шартномаҳо ва тавофуқҳои дуҷониба низ миёни давлатҳои алоҳида на танҳо ратификатсия, балки имплементатсия дар сатҳи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шудаанд ва мавриди амал қарор доранд.

Бинобар, ин Созишнома низ идомаи мантиқии ҳамон амалҳои муштарак буда, баъзе ҷузъиётҳои алоҳидаро танзим мекунад.

Ба ҳар ҳол сохторҳои марбутаи дар қаламрави ИДМ фаъолиятдошта, бояд вонамуд кунанд, кореро анҷом медиҳанд.

Аммо новобаста аз кӯшишҳои мақомотҳои оинномавии ИДМ кори он назаррас нест ва аксарияти коршиносон фаъолияти ин созмони байналмилалии минтақавиро ғайриқаноатбахшу бесамар эътироф кардаанд.

Вақте фаъолияти ҳатто муассиси ин Бюро бесамар аст, аксари вақт бо роҳҳои дигар, ба таври мисол, бо баҳонаи мубориза бо ифротгароию терроризм ҷиҳати қонеъ кардани мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ҳар хоҳиши онҳоро иҷро мекунад.

Дар робита ба ин масъала ва вазъияти ба амаломада, Русия ба хотири нигоҳ доштани нуфузаш дар минтақа  манфиатдор аст.

Иззат Амон- сиёсатшинос: Дар  қаламрави  давлатҳои  муштаракулманофеъ  бо  раҳбарии  Руссия  доимо  созишномаҳои  нав ба нав ба  имзо мерасад. Пешниҳоди  таъсиси  як чунин  Бюро  низ   бори  аввал  аз  сӯи кремлин шуда буд. Чунин як  бюро ё  ташкилотҳо қаблан  низ бо  номҳои  гуногун ташкил  шуда  буданд.  Дар умум  ҳадафи  аслии  таъсис ё  таҷдиди   ин  гуна  ташкилотҳо  маълум аст:  Холҳои  бештари  сиёсиро  касб  намудан.

Кремлин  мехоҳад  ба  кишварҳои  рақиб  нишон  диҳад, ки  кӣ дар хона  хӯҷаин аст. То  ҳол  ин  гуна  бюро ва  ташкилотҳо, ба ҷуз рабуда додани мухолифони ҳамдигар ва чанд амалҳои берун аз санаду Созишнома,  корсоз   будани худро  нишон  надодаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular