Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАтомуҳаммад Нур: Арг шартҳои ҳизби ҷамъияти исломиро бипазирад, канор меравам

Атомуҳаммад Нур: Арг шартҳои ҳизби ҷамъияти исломиро бипазирад, канор меравам

Гуфтугуҳо байни Арг ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар Афғонистон пас аз таваққуфи чандвақта оғоз шуда, аммо ин бенатиҷа анҷом ёфтааст. Пас аз он Атомуҳаммад Нур дар ҷамъи тарафдоронаш дар Балх суханронӣ кардааст.

Атомуҳаммад  Нур, волии Балх дар гирдиҳамоии ҳаводорони ҳизби Ҷамъияти исломӣ, Ҳукумати ваҳдати миллиро муттаҳам кард, ки афроди миллиро аз ҳукумат барканор мекунад ва касонеро, ки муздурони созмонҳои амниятии хориҷӣ ҳастанд ба кор мегуморад.

Нур гуфтааст: “мардуми Афғонистон ҳаргиз иҷозаи ҳукумат ба муздурони созмонҳои истихборотиро дар Афғонистон намедиҳад. Бисёре аз онҳо ба ҷуз англисӣ сӯҳбат кардан ҳеҷ хосияти дигаре надоранд”.

Вай  бори дигар таъкид кардааст, ки барканориаш аз раёсати вилояти Балх машрут ба барканории Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ аст.

Волии  Балх изҳор доштааст, ҳадаф аз эътироз ва мухолифати вай боқӣ мондан дар вилояти Балх нест ва агар Ҳукумати ваҳдати миллӣ шурути ҳизби Ҷамъияти исломиро бипазирад ҳозир ба канорагирӣ хоҳад шуд.

Раиси иҷроияи ҳизби ҷамъияти исломӣ  гуфтааст: раҳбарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ҳоле ҳарф аз қонун мезананд, ки мабнои ҳукумати онҳо ғайриқонунӣ аст.

Вай  гуфтааст: раҳбарони Ҳукумати ваҳдати милли бояд ба адолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва усулҳои демократия эҳтиром бигзоранд.

Атомуҳамад Нур таъкид кардааст, ки: раҳбарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳамвора шиори шукуфоии иқтисод ва фақрзудоӣ дар Афғонистонро сар доданд, аммо фақри иқтисодӣ дар кишвар ба сурати камсобиқае афзоиш ёфтааст.

Волии Балх изҳор доштааст: танҳо дастоварди Ҳукумати ваҳдати миллӣ афзоиши ноамниҳо, интиқоли Доъиш ва тақвияти гурӯҳи толибон дар кишвар будааст.

Атомуҳаммад Нур гуфтааст: раҳбарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ замоне, ки ҳимояти хориҷиҳоро доштаанд рақибони худро ҳазф мекунанд. Кореро, ки бо женерол Дустум муовини аввали риёсатҷумҳурӣ ва Аҳмадзиё Масъуд карданд, ин масъаларо таъйид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Абдулло Абдулло ҳам дирӯз ҳангоми муаррифии волии Парвон аз амалӣ нашудани мувофиқатномаи ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ интиқод карда ва гуфтааст агар ин мувофиқатнома амалӣ мешуд, акнун мушкилоти камтаре доштем.

Оқои Абдуллоҳ, гуфтааст: «имрӯз ҳам агар дарс нагирифта бошем, ба думболи инҳисоргароӣ бошем ва парокандагиро масъулияти дигарон бидонем, иштибоҳ рафтаем.»

Ӯ афзудааст, ки Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар оғоз ҳимояти ҳамаи мардумро бо худ дошт, аммо имрӯз фосила миёни мардум ва ҳукумат афзоиш ёфтааст.

Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки бояд ба хостаҳои машрӯъи қишри сиёсӣ посух дода шавад ва дар рафторҳо низ таҷдиди назар гардад. Зеро рафторҳои ғайримасъулона боиси заъфи низом ва кишвар мешавад.

Раиси иҷроияи кишвар гуфт, ки акнун мардум табъизро мебинанд ва эҳсос мекунанд ва эътирози онҳо набояд боиси уқдамандӣ шавад.

Ӯ эътироф кард, ки раҳбарони Ҳукумати ваҳдати ‎ миллӣ ваъдаҳоеро, ки ба мардум дода буданд, амалӣ накардаанд ва афзуд, ки бояд аз камкориҳое, ки дар ҳаққи мардум шуда, маъзарат бихоҳем.

Абдулло Абдулло  пеш аз ин низ аз амалӣ нашудани тавофуқномаи Ҳукумати ваҳдати миллӣ интиқод карда ва раисҷумҳур Ғаниро ба инҳисори қудрат муттаҳам карда буд. Раисҷумҳур дар посух ба суханони раиси иҷроия гуфта буд, ки тасмимҳои муҳим ба сурати шӯроӣ гирифта мешавад ва ҳама дар тасмимгириҳо саҳим ҳастанд.

Дар он замон, оқои Абдуллоҳ ва раисҷумҳур Ғанӣ чандин дидор пушти дарҳои баста доштанд то тавонистанд, ки ихтилофотро коҳиш диҳанд ва танишҳо фурӯкаш кунад.

Агарчӣ пештар аз ин байни Абдулло ва ҳизби ҷамъияти исломӣ ихтилоф афтода буд ва ҳангоми барканории Атомуҳаммад Нур аз вилояти Балх ин ҳизб Абдулло Абдуллоро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо Арг карда буд. Аммо суханони ахири Абдулло нишон медиҳад, ки ихтилофи ӯ бо Раисҷумҳур ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст ва эҳтимол дорад оқои Абдулло нигарони аз даст додани ҷойгоҳаш дар миёни тарафдорони Ҷамъияти исломӣ аст. Бархе ҳам ин суханони ӯро чархише ба самти Атомуҳаммад Нур ва ҳизби ҷамъияти исломӣ медонанд.

То ҳол аз тарафи Арг ва ҳизби ҷамъияти исломӣ ҳам вокунише ба ин суханони Абдулло нашудааст. Маълум нест, ки ин кашмакашҳои сиёсӣ ба куҷо меанҷомад ва сарнавишти ҳукумати ваҳдати миллӣ чӣ хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular