Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБунёди роҳи арғамчинӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бунёди роҳи арғамчинӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатӣ бунёд хоҳад ёфт.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додаанд. Бино ба иттилои манбаъ, ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Аз ҷониби дигар, барои худи сокинони шаҳри Хуҷанд низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт. Бинобар ин, ҳоло таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дастур шудааст, ки дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ ташкил карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки нахустин дар Тоҷикистон роҳи замонавии абрешимӣ ё каток охири соли гузашта дар 57-километрии шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди маҷмааи варзишию сайёҳии «Сефеддара», дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ба истифода дода шудааст, ки онро ширкати «Doppeimayr»-и Австрия сохтааст. Ин ширкат дар ҷаҳон машҳур буда, дар бунёди бисёр иншоотҳои азиму замонавӣ, аз ҷумла роҳхи арғамчинӣ дар шаҳри Сочии Русия ва истироҳатгоҳи «Чимбулоқ»-и Қазоқистон иштирок намудааст.

Роҳи арғамчинӣ дар маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафеддара», дар як соат ба 1000-2000 нафар одамон хизмат расонида метавонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular