Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНитанёҳу муттаҳам ба фасод мешавад

Нитанёҳу муттаҳам ба фасод мешавад

Полиси Исроил мегӯяд дар таҳқиқоти яксолаи худ ба мадорик ва шавоҳиди кофӣ дар мавриди ришвахорӣ ва фасоди нахуствазир даст ёфтааст ва додситон метавонад алайҳи ӯ эъломи ҷурм кунад. Нетанёҳу гуфтааст, ки кӯтоҳ намеояд ва истеъфоъ нахоҳад дод.

Ба гузориши «Дойчевелле» Бенёмин  Нетанёҳу, нахуствазири Исроил бо радди иттиҳоми фасод алайҳи худ гуфтааст: «мутмаин ҳастам, ки ба зудӣ воқеият равшан хоҳад шуд.»

Ӯ рӯзи сешанбе 13 феврал  дар телевизиони давлатии Исроил ва дар вокуниш ба тавсияи полис ба додситони Исроил сухан гуфта, ибрози умедворӣ кардааст, ки дар интихоботи парлумонии оянда баранда шавад. Ӯ гуфтааст ки «тааҳуди амиқе ба идомаи раҳбарии Исроил ҳис мекунам ва танҳо ба рифоҳ ва сарбаландии кишварам меандешам».

Полиси Исроил пас аз як сол таҳқиқ ба ин натиҷа расидааст, ки мадорики кофӣ барои ришвахорӣ ва адами амонатдории Нетанёҳу ба даст омада ва додситонӣ метавонад ба далели фасод алайҳи ӯ эъломи ҷурм кунад.

Бино бар гузориши расонаҳо, Нетанёҳу аз сӯи полис муттаҳам аст, ки худ ва ҳамсараш Соро барои солҳо аз Орнун Милшон, тавлидкунандаи филм барои ҳоливуд, сигор ва шампайн ба арзиши чанд сад ҳазор шикел дарёфт кардаанд. Ҳар 4 шикел як евро аст. Дар муқобил Нетанёҳу бо истифода аз нуфуз ва ихтиёроти давлати худ кӯмак кардааст, ки Милшон визои Амрико дарёфт кунад. Ин иқдом ғайриқонунӣ талаққӣ мешавад.

Илова  бар ин, Нетанёҳу талош кардааст, ки бар пахш ва нашри ахбор дар яке аз расонаҳои Исроил эъмоли нуфуз кунад.

Нетанёҳу дар як гуфтугӯи телефонӣ ба соҳиби рӯзномаи “Ядиъут охорунут” қавл додааст, ки дар сурати пахш ва нашри хабарҳои мусбат дар бораи ӯ ва давлаташ коре хоҳад кард, ки рӯзномаи маҷҷонии рақиб бо мушкил мувоҷеҳ шавад. Расонаҳои Исроилӣ бахше аз гуфтугӯи телефонии Нетанёҳу бо соҳиби рӯзномаро пахш кардаанд.

Нетанёҳу дар суханронии рӯзи сешанбеи худ хитоб ба мардуми Исроил гуфтааст, ки иттиҳомоти мушобеҳ алайҳи ӯ дар гузашта беасос баромаданд. Ӯ сиҳат ва сидқи таҳқиқоти полисро низ зери суол бурдааст. Наздикон нахуствазири Исроил мегӯянд, ки дар сурати гушуда шудани парвандаи ихтилос аз сӯи додситон ҳам, Нетанёҳу истеъфо нахоҳад дод.

Фишор бар маъмурони таҳқиқ барои таълиқи таҳқиқ

Раиси полиси Исроил чанде пеш дар мусоҳибае гуфта буд, ки рӯи маъмурони таҳқиқ аз тарафи «афроди соҳиб қудрат» фишорҳои зиёде ҳаст, ки таҳқиқи қазоиро идома надиҳанд. Нетанёҳу ин иттиҳомро рад кардааст, вале дар моҳи декабри гузашта кӯшид дар парлумони Исроил қонунеро ба тасвиб бирасонад, ки ихтиёроти полис дар тавсия ба додситон барои таъқиби қазоии мақомотро маҳдуд кунад ва танҳо дар сурати тақозои додситон натиҷаи таҳқиқоти худро дар ихтиёри ӯ қарор диҳад. Аммо  тазоҳуроти мухолифон сабаб шуд, ки ин қонун шомили пайгирии қазоии худи Нетанёҳу нашавад.

Дар  тазоҳуроте, ки ҳар ҳафта алайҳи Нетанёҳу дар Телавив баргузор мешавад, истеъфои ӯ аз хостаҳои аслии тазоҳуркунандагон аст.

Нуктаи қобили тааммул дар ин тазоҳурот он аст, ки ҳеҷ расонаи матраҳи дунё онро пӯшиш намедиҳад. Дар ҳоле, ки Исроил яке аз кишварҳои муҳим дар минтақа ба шумор меравад. Тазоҳуротҳои дигар кишварҳои минтақа аз тарафи расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба таври васеъ пӯшиш дода мешаванд. Аммо ин расонаҳо ба тазоҳуроти зидди давлатии Исроил таваҷҷӯҳи чандоне зоҳир намекунанд.

Соли  2008 вақте Нетанёҳу ба унвони раҳбари ҳизби “Ликуд” риёсати опозитсион дар парлумони Исроилро ба ӯҳда дошт, Эҳуд Улмерт, нахуствазири вақт аз ҳизби “Кодимо” бо иттиҳоми фасод рӯбарӯ шуд, зери фишори Нетанёҳу ба баргузории интихоботи пеш аз мавъид тан дод. Аммо  як сол баъд додситон алайҳи Улмерт ба далели фасод эъломи ҷурм кард, ки ниҳоятан дар соли 2016 Улмерт ба 19 моҳ зиндон маҳкум шуд. Ӯ пас аз таҳаммули 16 моҳ зиндон, соли гузашта аз ҳабс озод шуд. Ҳоло нозирони сиёсӣ Нетанёҳуро дар ҳамон вазъияте тавсиф мекунанд, ки Улмерт дар соли 2008 буд.

Дар даври қаблии нахуствазирии Нетанёҳу дар соли 1997 низ таҳқиқоте алайҳи ӯ анҷом шуд ва полис бар асоси  ин таҳқиқот ба додситон тавсия кард, ки алайҳи нахуствазир эъломи ҷурм кунад. Аммо додситони кулл дар он замон шавоҳид ва мадорикро кофӣ надонист.

Нетанёҳу инак дар ҳоле дар маърази пайгарди қазоӣ қарор гирифта, ки ҳамсараш низ ба сӯистифода аз амволи давлатӣ муттаҳам шудааст. Бино бар эъломи вазорати додгустарӣ ин иттиҳом дар мавриди Соро Нетанёҳу матраҳ аст, ки аз ҳисоби давлат маҷмуъан ҳашт ҳазору 500 евро барои хариди ғазо масраф кардааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular