Friday, October 24, 2025
ADS
HomeПаём нетҲалокати 66 нафар аз паи суқути ҳавопаймо дар Эрон

Ҳалокати 66 нафар аз паи суқути ҳавопаймо дар Эрон

Ҳавопаймои ATR 72-и ширкати Aseman Airlines  бо 60 мусофир ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон, ки бо хатсайри Теҳрон — Ясуҷ, шаҳри воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии Эрон парвоз мекардааст ба садама дучор шуда, ягон нафар ҷон ба саломат набурдаанд.

Дар ин бора хабаргузории  хабар додааст.

Тибқи манбаъ, тақрибан баъди 20 дақиқаи оғози парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон робита бо ҳавопаймо қатъ шудааст. Ҳавопаймо дар мавзеи душворгузар афтода, айни замон наҷотдиҳандагон бо худравҳо талош доранд, ки ба ин мавзеъ раванд. Бар асари тумани ғализ чархболҳо дар ҷойи ҳодиса нишаста наметавонанд.

Ҳавопаймо дар наздикии шаҳри шаҳри Симируми вилояти Исфаҳон, воқеъ дар тақрибан 620-километрии ҷануби Теҳрон суқут кардааст. Дар ширкати ҳавопаймоӣ изҳор доштаанд, ки ҳамаи одамони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд.

Тавре манбаъ мегӯяд, обуҳаво дар маҳалли суқути ҳавопаймо номусоид буда, ба корҳои ҷустуҷӯ монеъа эҷод месозад. Тахмин мешавад, ки маҳз ҳамин обуҳавои номусоид ба садамаи ҳавопаймо сабаб шудааст.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?