Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар панҷ соли оянда Тоҷикистон бояд $1.16 млрд қарзи давлатиро баргардонад

Дар панҷ соли оянда Тоҷикистон бояд $1.16 млрд қарзи давлатиро баргардонад

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали соли 2018 ба $2,9 миллиард расид, ки ба 40,3%-и ММД-и кишвар баробар аст. Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттило дод.

Соли гузашта қарзи давлатӣ $2,3 миллардро ташкил медод.

Взири молия мегӯяд, ки дар назар аст соли ҷорӣ боз $200 млн қарзи хориҷӣ ҷалб шавад.

“Қарзро мо аз он институтҳои молиявие мегирем, ки шарики доимии кишварамон ҳастанд. Имкониятҳои молиявии ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки ӯҳдадориҳои худро дар қарзҳои ҷалбшуда сари вақт ва пурра иҷро намоем” —

Бояд қайд кард, ки тибқи “Стратигияи идораи қарзи давлатӣ” ҳаҷми қарзи хориҷӣ набояд аз ҳади 40%-и ММД таҷовуз кунад.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш дар бораи “Афзоиши осебпазирӣ бо вуҷуди рушди пойдори иқтисодӣ”, ки соли гузашта нашр шуда буд, зикр кардааст, мақомоти зирабти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд Стратигияи мутавассити идораи қарзи давлатиро бозбинӣ карда сақфи қарзи хориҷиро аз 40% ба 60% боло баранд.

Вале чуноне, ки Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш қайд мекунад, Тоҷикистон бояд 40 дарсади қарзи хориҷиашро дар 5 соли оянда пардохт кунад, ки баробар ба як миллиарду 160 миллион доллар аст.     

“Ин амр бар лузуми давом додани кӯшишҳои ҷараёндошта дар тасбити буҷа барои фароҳамсозии имконоти он ба сабаби боло рафтани ӯҳдадориҳои таъмини қарз далолат мекунад” — зикр шудааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Дар ҳамин ҳол дар буҷаи соли 2018 барои иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ 120 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Тибқи омори Вазорати молия, Чин қарздиҳадаи асосии Тоҷикистон боқи мемонад, ки беш аз нисфи қарзҳои кишвар аз ин ҳамсояи шарқияш аст. Қарздиҳандаи асосӣ Эксимбонки Чин аст, ки Тоҷикистон аз ин бонк 1,2 миллиард доллар қарз гирифтааст. Қарзҳои бузурги дигари кишвар аз Бонки ҷаҳонӣ ($318 млн), Боник рушди Осиё ($278 млн) ва Бонки рушди исломӣ ($112 млн) мебошад.

Фурӯши қоғазҳои қарзии Тоҷикистон дар Аврупо моҳи сентябри соли 2017, ҳаҷми қарзи хориҷиро 500 миллион доллар боло бурд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular