Tuesday, June 3, 2025
ads
HomeХабарҳоАфзоиши ширкатҳои истеҳсоли доруворӣ

Афзоиши ширкатҳои истеҳсоли доруворӣ

Дар Тоҷикистон теъдоди  ширкатҳои истеҳсоли доруворӣ аз 600 адад гузаштааст.

Дар  ин  бора  Нусратулло  Салимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ба  хабарнигорон  иттилоъ  додааст. Ба гуфти вазир айни ҳол   20 корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 200 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд


Дар  панҷ соли охир аз ҷониби 10 ширкати ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 150 номгӯи маводи доруворӣ ба роҳ монда шудааст.


Қаблан вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дода буд, ки  то солҳои  2001-ум танҳо  4 ширкат ба фаъолияти фарматсевтӣ иҷозатнома дошт.


То солҳои 2000 – ум  86 номгӯйи маводи доруворӣ аз қайди давлатӣ гузашта буд, то имрўз ин теъдод ба  927 адад расонда шудааст.


Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои тавлидкунандаи дорўворӣ баъди Ҳиндустон, Покистон, Амрико ва Олмон мақоми баланд дорад. Зеро ба гуфти мутахассисон ин кишвар аз гиёҳҳои шифобахш бой буда, танҳо ба сармоягузорӣ ниёз дорад то ин соҳаро рушд диҳад. Қадами аввал барои таъсиси корхонаҳои саноатии ашёи хоми маҳсулоти доруворӣ  мебошад.

Қобили зикр аст, ки доруҳо  бо тамғаи истеҳсолӣ ватанӣ дар дорухонаҳои Тоҷикистон ба чашм ноаёнанд. Вазири тандурустӣ мушаххас нагуфт, ки ин қадар доруи истеҳсолмешуда ба куҷо меравад ва дар куҷо фурӯхта мешавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика