Ҳамду сано ба Парвардигор ва дурду салом ба Паёмбар (саллаллоҳ алайҳи ва саллам) ва олу асҳобашон.
Балое, ки ба сари инсон меояд, ҳарчанд ранҷовар аст ва мазаи баде дорад, лекин дар паси он ҳикмате ҳаст, ки хайру некиҳои зиёд дорад, лекин назари инсон бештар дар ин масъала кӯтоҳ аст.
Уламои Ислом дар қадим ва ин замон мегуфтанд: Албатта ҳабс шудани ман хилват аст, кушта шудани ман шаҳодат аст ва берун кардани ман аз диёрам саёҳат аст. Аз онҳо нафароне буданд, ки баъди дидани девори маҳбас ин ояти каримаро тиловат мекарданд: «Дар ин ҳангом деворе миёни онҳо зада мешавад, ки даре дорад, дарунаш раҳмат аст ва берунаш азоб». Ҳадид-13.
Ва баъзе аз уламо мегуфтанд; «Ҷаннат ва бустони ман дар синаи ман аст ба ҳар куҷо сафар кунам, он маро тарк намекунад».
Аз уламо кам ҳастанд, ки маҳбас нашуда бошанд. Ва ҳабси онҳо ҳамеша сабабе барои ибодат ва қироъати Қуръон ва хилвати онҳо ба Парвардигорашон шудааст.
Онҳое, ки дар маҳбас ҳастанд бояд ба ин имтиҳон сабр карда, қаноат дошта бошанд. Дар маҳбас бузургтарин манзилат ин хилват бо Парвардигори худ аст. Маҳбас макон ва замони дуо дар дили шаб аст. Маҳбас макони зикри Аллоҳ таъоло, қироъати Қуръон ботадаббур, вақти ҳифзи каломи Аллоҳ, вақти зикри қавли «Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ», вақти таваккал ба Худои якто ва талаби ёрӣ аз Ӯ таъоло аст. Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва ҳар кас бар Аллоҳ таваккул кунад, кифояти амрашро мекунад». Сураи Талоқ-3.
Инчунин мефармояд: «Инҳо касоне буданд, ки баъзе аз мардум ба онҳо гуфтанд: «Мардум лашкари душман барои ҳамла ба шумо иҷтимоъ кардаанд, аз онҳо битарсед!», аммо ин сухан ба имонашон афзуд ва гуфтанд: «Худо моро кифоят мекунад ва Ў беҳтарин ҳомии мост». Ба ҳамин ҷиҳат онҳо аз ин майдон бо неъмату фазли Парвардигор бозгаштанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ нороҳатӣ ба онҳо нарасид ва аз ризои Худо пайравӣ карданд ва Худованд дорои фазлу бахшиши бузурге аст. Ин фақат шайтон аст, ки пайравони худро бо суханони беасос метарсонад. Аз онҳо натарсед. Ва аз ман битарсед, агар имон доред!». Сураи Оли Имрон-173.175.
Дар ҳадиси Абиҳурайра (разияллоҳу анҳу) бо ривояти имом Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳ алайҳи ва саллам) фармуданд: «Дунё маҳбаси муъмин ва биҳишти кофир аст».
Маҳбас аз қадим мавҷуд буд, чуноне ки Худованд дар сураи Тоҳо ояти-123.126 ба мо хабар додааст;
«Ҳар ду аз он биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигар хоҳед буд, вале ҳаргоҳ ҳидояти ман ба суроғи шумо ояд, ҳар кас аз ҳидояти Ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на дар ранҷ хоҳад буд. Ва ҳар кас аз ёди Ман рӯйгардон шавад, зиндагии сахт ва танге хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат, ӯро нобино маҳшур мекунем. Мегӯяд: «Парвардигоро! Чаро нобино маҳшурам кардӣ?! Ман, ки бино будам!. Мефармояд: Он гуна, ки оятҳои мо бар ту омад ва ту онҳоро фаромӯш кардӣ, имрӯз ту низ фаромӯш хоҳӣ шуд». Тоҳо-123.126.
Одам (алайҳис салом) гуноҳ кард, пас азоб ва маҳбаси он маҳбаси дунё, маҳбаси мусибатҳо, маҳбаси ғаму андӯҳ, маҳбаси кору меҳнат, маҳбаси бемориҳо, маҳбаси тарсу ваҳм, ва маҳбаси гуноҳ номида шуд.
Ҳар гоҳ ба зеҳни инсон калима “зиндон» омад дарҳол маконеро баста, танг, торик, таоме нест, магар ба хости соҳибони маҳбас, либосе нест, магар бо иҷозати онҳо, ҳаракате нест, магар бо иҷозати онҳо тасаввур мекунад.
Аҳли зиндон дар он зулумоту тангии макон интизори он соати халосиро мекашанд ва орзу мекунанд, ки рӯзе башорате меояду онҳо аз ин ғаму андӯҳи дунё наҷот меёбанд. Чуноне, ки Юсуф (алайҳис салом) дар маҳбас мегуфт; «Ў ба ман некӣ кард ҳангоме, ки маро аз зиндон берун овард». Юсуф-100.
Дар ҳақиқат дунё маҳбас аст, ки Нӯҳ (алайҳис салом)-ро қавмаш дурӯғ пиндоштанд, Иброҳим ( алайҳис салом)-ро падараш қабул накард, Яъқӯб (алайҳис салом) чашми худро аз даст дод, Мӯсо (алайҳис салом) ба зулми Фиръавн гирифтор шуд ва паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дасти хешу табори худ аз диёрашон ронда шуданд.
Ва инчунин дунё маҳбаси солеҳон аст, ки Юсуф (алайҳис салом) маҳбас шуданд, Юнус (алайҳис салом) дар шаками моҳи буд ва мушрикони Макка мехостанд паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳабс кунанд, чуноне ки Аллоҳ хабар додааст:
«Ба хотир биёвар ҳангомеро, ки кофирон нақша мекашиданд, ки туро ба зиндон афкананд ё ба қатл расонанд ва ё аз Макка хориҷ созанд, онҳо чора меандешиданд ва нақша мекашиданд ва Худованд ҳам тадбир мекард. Ва Худо беҳтарин чораҷӯён ва тадбиркунандагон аст». Анфол-30.
Шояд яке аз мо савол диҳад, ки кай аз маҳбас наҷот меёбем ва дарҳои он шикаста мешавад?
Ҷавоби он дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд; «Дар ҳақиқат офариниши яке аз шумо дар шиками модараш чунин анҷом мегирад: нутфаи ҳар яке аз шумо муддати чиҳил рўз дар раҳми модар ҷамъ мешавад, сипас то чиҳил рўзи дигар, ба шакли хуни баста мегардад ва баъд аз чиҳил рўзи дигар ба пораи гуште табдил мешавад. Онгоҳ Худованд фариштаеро мефиристад, то дар он рӯҳро дамад, ва фаришта маъмур аст ба навиштани чаҳор калима: навиштани ризқаш, муддати умраш, кирдораш, ва ин ки бадбахт ё некбахт аст».
Аҷал ва соати омадани марг ин лаҳзаи наҷот аз маҳбас аст ва ин аст фаҳми анбиё (алайҳимус салом) ва солиҳин, ки дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки гуфт: «Вақте ҳолати марги Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фаро расид, ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) ӯро ба худ такя дод. Ин ҳангом Абдураҳмон бародари Оиша (разияллоҳу анҳо) дохили ҳуҷра шуд. Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба мисвоки ӯ назар кард ва Оиша (разияллоҳу анҳо) аз нигоҳи ӯ фаҳмид, ки мисвокро мехоҳад. Оиша (разияллоҳу анҳо) онро аз дасти бародараш гирифта, бо дандонҳояш гирифта онро нарм кард.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо он мисвок намуданд ва дастонашонро бо обе, ки наздашон буд, тар карда, ба рӯяшон кашиданд. Дар ҳоле, ки мегуфтанд: «Ло илоҳа иллаллоҳ, ҳаққо, ки марг сахтиҳое дорад”, чашмонашонро ба сақфи хона дӯхтанд ва лабонашон ба ҷунбидан даромад. Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) ба ӯ гӯш андохт, ки мегуфт: «Ҳамроҳи касоне ки Худованд бар онҳо инъом намудааст, аз паёмбарон, ростгӯён, шуҳадо ва солеҳин, Худоё, маро ба рафиқи аъло пайваст намо». Ин ҷумлаи охирро се бор такрор намуд ва чизе нагузашта буд, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷон супорид ва ба Рафиқи Аъло пайваст.
Гуё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сӯи соати хурсандӣ аз маҳбаси дунё назар мекарданд ва ба Парвардигорашон мегуфтанд; Гуфт: «Илоҳо! Онон дар пайи ман ҳастанд ва ман ба сӯи Ту шитоб кардам, то аз ман хушнуд шавӣ». Тоҳо-84.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маргро ихтиёр карданд, ки он далолат бар он мекунад, ки баъди ин дунё ҳаёти восеътар ва бароҳате ҳаст, хусусан барои шахсони солеҳ. Пас дар ин ҷо ҳар мусалмон аз худ бипурсад, ки баъди баромадан аз ҳабс ба куҷо меравем ба суйи озодии биҳишт ё маҳбаси дӯзах?
Ҷавоби он дар саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим дар ҳадиси Абиқитода (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: «Рӯзе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар як ҷанозае гуфтанд; «Бандаи муъмин баъд аз марг аз мушкилоти дунё дар истироҳат аст ва бандагону шаҳрҳо ва дарахтону ҳайвонотҳо баъди марги бандаҳои фоҷир ба истироҳат бароянд».
Дар ҳақиқат саҳобагон ва тобеъин маҳбас будани ин дунёро фаҳмиданд, ки Билол (разияллоҳу анҳу) дар соати марги худ чунин мегуфт; «Фардо бо дӯстон Муҳаммад ва асҳобаш рӯ ба рӯ хоҳам шуд».
Аммо мо мекӯшем бештар замину иморатҳо дошта бошем дар ин маҳбаси дунё ва дар паи бинои он ҳастем. Оё ҳеҷ маҳбусеро дидаед, ки дар дохили зиндон хонае бино мекунад ва ё онро мехарад ё мефурушад?
Бародари мусалмон, бидон, ки ин дунё ва зинати он ҳама фаношаванда буда, соати баромадан аз ин маҳбас омаданист.
Парвардигоро, тамоми маҳбусонро наҷот бидеҳ ва охири кори моро бахайр гардон.
Абусаъид Мухтори Закариё.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

