Абдували Қулов раиси Кумитаи омори кишварамон эълон кардааст дар нимаи аввали сол 2018 мелодӣ ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид.
Қулов ҷамъияти кулли кишварро дар ҳоли ҳозир 8 миллиону 930 ҳазор нафар эълон кард. Тибқи оморҳои расмӣ ҷаъмияти Тоҷикистон солона 200 ҳазор нафар ё 2.2% афзоиш меёбад.
Раиси Кумитаи омор таъкид кардааст, ки теъдоди шаҳрвандон ба мизони таваллуд ва фавт вобаста аст, ки қобили пешбинӣ нест, аммо ҳатман ҷамъияти кишварамон имсол аз марзи 9 миллион нафар мегузарад.
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шуравӣ аз лиҳози суръати рушди аҳолӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Ба таври мутавассист ҳар як хонавода дар кишвар 4 фарзанд дорад, ки ин ҳам нисбат ба гузашта хеле камтар аст.
Бо вуҷуди таъкидҳои зиёди ҳукумат, бофти сиёсии ҷомеаи мо боис мешавад, ки мардум фарзанди зиёд дошта бошанд. То ҳол шиори маъруфи фарзанди камтар зиндагии беҳтар дар зеҳни мардуми мо маъно пайдо накардааст.
Тибқи бархе оморҳо, афзоиши муназзами зоду валад дар Тоҷикистон кишварро ба ҷавонтарин кишвари дунё мубаддал кардааст. Зеро ҳудуд се миллион нафар аз ҷамъияти кишварро кӯдакони аз як то 14 сола ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол кӯчбандии бесобиқаи мардум Тоҷикистон идома дорад, ки дар омор ба назар гирифта намешавад. Тибқи тахмини коршиносон беш аз ду миллион аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва қисме шаҳрвандии кишварҳои дигарро ба даст овардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

