Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетШиркати ҳайати ҲНИТ ва АОТ дар конфронси ҳуқуқи башар

Ширкати ҳайати ҲНИТ ва АОТ дар конфронси ҳуқуқи башар

Дирӯз дар шаҳри Женева конфронси Geneva Summit for Human Rights and Democracy (Ҳамоиши Женева оид ба ҳуқуқи башар ва демократия) ба кори худ анҷом дод, ки дар он ҳайати муштараки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон бо ҳузури раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва узви Шӯрои марказии Анҷуман Темур Варқӣ ширкат доштанд.

Ин нишасти солона аз саросари ҷаҳон созмонҳо ва шахсиятҳоеро, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи башар ва рушди арзишҳои демократӣ машғуланд, ҷамъ меоварад.

Мавзӯъи меҳварии нишасти имсола зиндониҳои сиесӣ ва мушкилоти онҳо буд, ки дар мисоли чанд кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Чуноне, ки баргузоркунандагони конфронс дар сӯҳбат бо аъзои ҳайати тоҷикон изҳор карданд, дар таърихи ин конфронс ҳеҷ гоҳ масъалаи зиндониҳои сиесии Тоҷикистон матраҳ набудааст ва бори аввал аст, ки исми зиндониҳои сиёсии ин кишвар ба рӯйхати маъруфтарин қурбониёни низомҳои худкома ворид мешавад. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ огоҳии бештаре аз вазъи сиесии Тоҷикистон,  мушкилоти зиндониҳои сиёсӣ, поймолшавии ҳуқуқи башар хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки исми Тоҷикистон байни 20 кишваре ҷо дошт, ки дар он шадидтарин низоми саркӯбгар (репресивӣ) вуҷуд дорад ва зиндониҳои сиесӣ вазъи хеле бад доранд. Ҳамчун мисол ва рамзи ҳамаи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон акс ва номи вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров дар толори марказии конфронс ва наворҳои видеоӣ ба намоиши ъом гузошта шуда буд.

Яке аз суханронҳои асосӣ муаллиф ва роҳбари гуруҳи корие буд, ки рӯйхати маъруфи ‘’Магнитский’’- ро тартиб дода, то марҳалаи қабули он дар доираҳои байналмиллалӣ расонидааст. “Рӯйхати ’Магнитский” санади ҳуқуқии байналмиллалиест, ки шомили  сарсатхттарин душманони ҳуқуқи башар дар саросари олам мебошад ва нисбати онҳо таҳримҳои байналмиллалӣ сурат мегирад.

Маъмулан мансабдорон ва масъулоне, ки дар  шиканҷа, рабудан ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон даст доранд, вориди ин рӯйхат мешаванд. То ҳол касе аз Тоҷикистон расман дар ин рӯйхат нест, аммо исми чанде аз мансабдорони тоҷик, ки дар шиканҷа, рабудан ва куштори шаҳрвандон, аз ҷумла, мухолифини сиесӣ даст доранд, метавонад вориди ин рӯйхат шавад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?