Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 73,6 миллион доллар кӯмаки хайриявӣ гирифт

Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 73,6 миллион доллар кӯмаки хайриявӣ гирифт

Соли гузашта дарёфти кӯмаки хайриявӣ аз тарафи Тоҷикистон афзоиш ёфта, беш аз 73,6 миллион долларро ташкил дод. Ин маблағ нисбат ба соли 2016 18 миллион доллар бештар аст.  

Тибқи омори расмӣ соли гузашта ба Тоҷикистон 30 дарсади кишварҳои ҷаҳон, яъне 58 кишвар кӯмак кардаанд. Ҳаҷми умумии кӯмакҳо 73 миллиону 644 ҳазор долларро ташкил додааст.

Бузургтарин кӯмаккунандаи Тоҷикистон дар соли 2017 Чин будааст, ки 32,2 дарсади ҳаҷми умумии кӯмакҳоро ироа кардааст.

Дар ҷои дуввум Русия қарор дорад, ки 18,6 дарсади кӯмакҳо ба Тоҷикистонро додааст. Кишвари кӯчаки Сербия 5 миллиону 150 ҳазор доллар кӯмак кардааст, ки 11.7 дарсади кӯмакҳоро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр Ҳинд 6,9%, Туркия 3,6%, Суис 3,3%, Қазоқистон 2,8%, Олмон 2,7%, ИМА 2,3%, Ҳолланд ва Белжик 1,8 дарсадӣ, Корея 1,7%,  Суид 1,2%, Донморк, Утриш ва Итолиё якдарсадии кӯмакҳои расида ба Тоҷикистонро ироа кардаанд. Ҳаҷми кӯмакҳои кишварҳои дигар камтар аз 1 дарсад аст.

Соли 2016 Тоҷикистон аз 55 кишвар ба маблағи 55, 8 миллион доллар кӯмакҳои хайриявӣ дарёфт карда буд. Яке аз ин кишварҳои кӯмаккунанда Афғонистон буд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular