Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМадориси Фатҳуллоҳ Гюлен дар Афғонистон ба бунёд маорифи Туркия вогузор шуд

Мадориси Фатҳуллоҳ Гюлен дар Афғонистон ба бунёд маорифи Туркия вогузор шуд

Дар Афғонистон дувоздаҳ дабиристон ва 3 омӯзишгоҳи вобаста ба гурӯҳи ФЕТО-и Фатҳуллоҳ Гюлен, ки Туркия онро террористӣ шинохтааст, ба бунёди маорифи Туркия вогузор шуд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Анадолу”, тавофуқномаи вогузории ихтиёроти дабиристон ва омӯзишгоҳҳои вобаста ФЕТО дар Афғонистон ба бунёди маорифи Туркия, тайи маросиме дар «Маркази иттилоот ва расонаҳои ҳукумат» дар Кобул ба имзо расид.

Ин маросим бо ҳузури Исмат Ялмоз вазири омӯзиш ва парвариши Туркия ва Муҳаммад Иброҳим ҳамтои афғони вай баргузор шуд.

Баъди кӯшиши табаддулоти моҳи июни соли 2015, Туркия мекӯшад тамоми мадориси вобаста ба Фатҳуллоҳ Гюлен дар хориҷ аз Туркияро бибандад. Дар Тоҷикистон ҳам чандин мактабу гимназияҳо вуҷуд доштанд, ки талаби бастани онҳо аз тарафи Туркия ба савдои сиёсии Тоҷикистону Туркия сабаб шуд.

Дар натиҷаи ин савдо Туркия даҳҳо аъзои фаъоли ҲНИТ-ро ё ихроҷ кард ё маҷбур кард ихтиёран ин кишварро тарк кунанд. Узви ҲНИТ Нуъмонҷон Шарипов, ки дар Туркия чойхонаи тоҷикӣ боз карда буд, вақте розӣ нашуд ихтиёран ин кишварро тарк кунад, ба Тоҷикистон супорида шуд.

Дар ҳамин ҳол мадориси вобаста ба ФЕТО дар Тоҷикистон на танҳо ба ихтиёри бунёд маорифи Туркия нагузаштаанд, балки баста ҳам нашуда, танҳо тағйири ном кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular