Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСобиқ роҳбари диспораи тоҷикон дар вилояти Рязан кушта шудааст

Собиқ роҳбари диспораи тоҷикон дар вилояти Рязан кушта шудааст

Ҷасади Бегмаҳмад Медведев, собиқ роҳбари созмони ҷамъиятии  Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Рязани Русия “Сино” бо нишонаҳои марги бо зӯр ёфт шудааст.

Дар ин бора, дафтари матбуотии мақомотии тафтишотии вилояти Рязан хабар додааст.

Пеш аз ин, 17 феврали 2018 хабар шуда буд, ки Бегмаҳмад аз вилояти Рязан ба вилояти Калуж сафар кардааст. Охирин маълумот пеш аз дарёфти ҷасадаш танҳо дар бораи дидани сабукрави ӯ дар ноҳияи Захарови вилояти Калуж дастрас мешавад ва баъди ин дигар ҳеҷ дараке аз ӯ намеёбанд.

“Ниҳоят дар натиҷаи ҷустуҷӯи оперативии муштараки муфаттишон ва кормандони пулис шахси гумонбар ба куштори Медведев дастгир мегардад. Ҷасади Бегмаҳмад ёфт шуда, айни ҳол алайҳи гумонбар  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад” — омадааст дар гузориши дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии вилояти Рязан

Медведев насаби аслии Бегмаҳмад набуда, ин насабро баъди қайди никоҳ бо ҳамсари русаш ба худ гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular