Sunday, June 8, 2025
ads
HomeХабарҳоЭрон:  қодир ҳастем дар 48 соат ғанисозии истихроҷи уранро барқарор кунем

Эрон:  қодир ҳастем дар 48 соат ғанисозии истихроҷи уранро барқарор кунем

Агар устувории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар созишномаи ҳастаӣ  зери суол равад Эрон метавонад дар давоми ду рӯз истихроҷи ғанисозии уранро барқарор кунад.

Дар ин бора  шабакаи телевизионии “Ал-Олам”-и  Эрон рӯзи душанбе гузориш додааст.

«Агар Амрико аз қарордодҳояш хориҷ шавад, Эрон метавонад ғанисозии 20 дарсадии уранро дар муддати камтар аз 48 соат барқарор кунад», — гуфтааст Бекзода Камолванд, намояндаи созмони энержии атомии Эрон зимни баромадаш дар телевизиони “Ал-Олам”.

Ӯ афзудааст: “Дараҷаи ғанӣ гардонидани уран барои фаъолияти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ (АЭС) то 5 дарсад кофӣ аст, аммо барои истеҳсоли бомбаҳои атомӣ лозим меояд, ки уран то — 80-90 фоиз ғанӣ гардонида шавад”.

Ба қавли Камолванд, созишномаи ҳастаӣ, соли 2015 ба имзо расида буд.. “Вале имрӯз ИМА мегӯяд, ниёз ба созишу қарордодҳои такрорӣ надорад. Эрон устувории худ ба ин созишномаро собит кардааст ва ба хотири аз байн бурдани таҳримҳо аз ғанисозии истихроҷи уран даст кашидааст.”

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Эрон, Амрико,  Олмон, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин созишномае ба имзо расонида буданд, ки тибқи он Эрон аз -анисозии уран  даст мекашад. Дар натиҷаи ин созишнома Эрон аз чанде маҳрумиятҳои иқтисодӣ озод шуд. Айни ҳол соири кишварҳое ки созишномаро имзо кардаанд — Олмон, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин — ба қарордоди худ устувор истодаанд. Аммо Амрико кӯшиш дорад аз нав маҳрумиятҳои иқтисодиро болои Эрон ҷорӣ кунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика