Агар устувории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар созишномаи ҳастаӣ зери суол равад Эрон метавонад дар давоми ду рӯз истихроҷи ғанисозии уранро барқарор кунад.
Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ал-Олам”-и Эрон рӯзи душанбе гузориш додааст.
«Агар Амрико аз қарордодҳояш хориҷ шавад, Эрон метавонад ғанисозии 20 дарсадии уранро дар муддати камтар аз 48 соат барқарор кунад», — гуфтааст Бекзода Камолванд, намояндаи созмони энержии атомии Эрон зимни баромадаш дар телевизиони “Ал-Олам”.
Ӯ афзудааст: “Дараҷаи ғанӣ гардонидани уран барои фаъолияти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ (АЭС) то 5 дарсад кофӣ аст, аммо барои истеҳсоли бомбаҳои атомӣ лозим меояд, ки уран то — 80-90 фоиз ғанӣ гардонида шавад”.
Ба қавли Камолванд, созишномаи ҳастаӣ, соли 2015 ба имзо расида буд.. “Вале имрӯз ИМА мегӯяд, ниёз ба созишу қарордодҳои такрорӣ надорад. Эрон устувории худ ба ин созишномаро собит кардааст ва ба хотири аз байн бурдани таҳримҳо аз ғанисозии истихроҷи уран даст кашидааст.”
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Эрон, Амрико, Олмон, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин созишномае ба имзо расонида буданд, ки тибқи он Эрон аз -анисозии уран даст мекашад. Дар натиҷаи ин созишнома Эрон аз чанде маҳрумиятҳои иқтисодӣ озод шуд. Айни ҳол соири кишварҳое ки созишномаро имзо кардаанд — Олмон, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин — ба қарордоди худ устувор истодаанд. Аммо Амрико кӯшиш дорад аз нав маҳрумиятҳои иқтисодиро болои Эрон ҷорӣ кунад.