Sunday, June 8, 2025
ads
HomeХабарҳоНигоҳе ба далоили мухолифон ва мувофиқони наврӯз

Нигоҳе ба далоили мухолифон ва мувофиқони наврӯз

Ин навиштаи чанд соли пеш аст. Замоне, ки баҳсҳо дар бораи наврӯз мисли имрӯз авҷ гирифта буд ин мақоларо навиштам ва дар сомонаи наҳзат ҳам нашр шуда буд. Аммо мебинам имсол ҳам ин баҳс идома дорад. Бинобарин бо каме тағйир онро дубора пешкаши хонандагон мекунам.

Дар чанд соли охир ҷашни наврӯз дар кишвари мо баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Бархеҳо наврӯзро як ҷашни фарҳангии маҳз медонанду таҷлил аз онро оддӣ мешуморанд. Онҳо далоили зиёде дар бораи дуруст будани ҷашни навруз меоваранд. Аммо як гурӯҳи дигар бошад наврузро мухолифи ислом медонанду ҷашни онро таҳрим менамоянд. Барои равшан шудани ин масъала мо тасмим гирифтем далоили мувофиқон ва мухолифонро дар инҷо барои шумо пешниҳод намоем. Далоиле, ки инҷо меоянд бо ҷустуҷӯ дар ин мавзӯъ аз мақолаҳои мухталиф ҷамъоварӣ шудаанд. Дар ин миён ба ин натиҷа расидам, ки баҳси навруз танҳо ихтисос ба ҷомеаи мо надоштааст ва дар аксарияти кишварҳои исломӣ ин баҳс матраҳ будааст. Аммо дар бисёре аз ин кишварҳо ҳалли худро ёфтааст ё инки мардум ба гунае бо он канор омадаанд. Аммо ин баҳс дар ҷомеаи мо чанд соле ҳаст, ки доғ ва пурчолиш боқӣ мондааст. Далоили ҳарду ҷонибро инҷо меоварам то қазия барои инсонҳои огоҳ ва аҳли фикр равшан гардад.

Далоили мухолифон

1- Баргузории оинҳои мисли навруз навъе кумак ба идомаи динҳо ва фарҳангҳои пеш аз ислом аст, ки мансух ва мардуд шудаанд.

2- Таҷлил аз ингуна муносибатҳо ташбеҳ кардани худ ба ғайри мусалмонон аст ва тибқи ривояте мансуб ба паёмбари ислом (с) ташбеҳ кардани худ ба пайравони адён ва оинҳои дигар амри нодуруст аст.

3- Ривояте аз Анас ибни молик аз ёрони паёмбар, ки мегуяд: «ҳангоме, ки паёмбари Худо ба мадина омад, мардуми он шаҳр ду руз доштанд, ки дар он ба бозӣ ва шодӣ мепардохтанд. Пурсид ин ду рӯз чист? Гуфтанд, дар замони ҷоҳилият дар ин ду руз ба бозӣ ва шодӣ мепардохтем. Паёмбари Худо фармуд: ҳамоно Худованд дар ивази онҳо ду рузи беҳтарро барои шумо қарор додаст. Яке рузи иди фитр ва дигар рузи иди қурбон.

4- Ривоёти мухолифати шуморе аз асҳоб бо ҷашнҳо ва маросимҳои ба ин монанд.

5- Фатвои шуморе аз уламои қадим монанди Ибни Таймия ва Муло Алии қорӣ ва бархе дигарон дар бораи таҳрими таҷлил аз навруз.

6- Анҷоми аъмоли шикромез ва хурофотӣ дар зимни маросими наврузӣ. Монанди рафтан ба зиёратгоҳҳо ва кумак талабидан аз мурдагон, ки тибқи ақоиди исломӣ нораво мебошад.

Инҳо муҳимтарин далоиле ҳастанд, ки барои мухолифат бо навруз ва таҳрими ҷашни он баён мешаванд.

Дар муқобил тарафдорони ҷашни наврӯз истидлол мекунанд, ки:

1- Ҳамаи маросими баҷо монда аз даврони гузашта оинҳои динӣ нестанд ва зинда нигаҳ доштани онҳо ба маънои зинда кардан ва эҳёи он динҳо нест. Бахши васеъе аз урфҳо маросимҳо ҷанбаи фарҳангӣ доранд ва умури фарҳангӣ нишонаи такомули иҷтимоии инсонҳост. Дар ҳақиқат бо пушти сар гузоштани давраи ғорнишинӣ ва руй овардани мардум ба зиндагии иҷтимоӣ, дар шаҳрҳо ва такя бар киштукору тиҷорат фарҳанг таваллуд ёфт, то муносиботи мухталиф дар зиндагии иҷтимоии мардумро сомон бидиҳад. Ин раванд аз он даврон то ҳол идома дошта ва ҳарчӣ бар сайри тамаддун мегузарад фарҳанги башарӣ низ ғанитар ва рангорангтар мегардад. Наврӯз пеш аз онки решаи мазҳабӣ дошта бошад, реша дар таҳаввулоти фаслӣ дорад, ки барои мардумони қадим ба далели вобастагияшон ба кишоварзӣ ва обу ҳавои сол аҳамият дошта аст. Ҳарчанд, ки дар давраҳое аз суи бархе гурӯҳҳо ҷанбаи мазҳабӣ низ пайдо карда бошад.

2- Наҳйи аз ташбеҳ кардан ба пайравони адён ва фарҳангҳои дигар танҳо дар умуре аст, ки аз шаоири ибодӣ ва рамзҳои мазҳабии онон бошад ва сабаби иштибоҳ ва омехта шудани миёни пайравони адён шавад. Умури оддӣ тибқи қоидаи фиқҳии машҳур (аласлу фил ашёи ибоҳа) «асл дар ашё ва чизҳо мубоҳ будани он аст» метавонад ҷоиз бошад. Ба илова монандӣ ва ташобуҳ дар умури оддӣ қобили иҷтиноб ва гурез нест ва агар қарор бар иҷтиноб аз ҳаргуна ташбеҳ ва монандӣ дар умури оддӣ бошад, зиндагӣ барои мусалмонон номумкин мешавад, зеро пайравони дигар динҳо хурок мехуранд, либос мепушанд, мехобанд ва бисёр корҳои дигар, ки мусалмонон низ маҷбур ба анҷоми онҳо ҳастанд. Манъ кардани комили ташбеҳ ба дигарон шомили тамоми ин корҳо мешавад.

3- Ҳадисе, ки дар бораи ду рузи даврони ҷоҳилият оварда мешавад ва муҳимтарин далели мухолифон аст, аввалан тасреҳ надорад, ки дар бораи навруз бошад. Дуввуман лаҳни ривоят ҳикоят аз он дорад, ки Худи паёмбар(с) то қабл аз ҳиҷрат ба мадина, ки тибқи аксари ривоёт 53 сол доштааст, ҳеҷгуна ошноӣ бо он маросим надоштааст ва аз мардуми мадина дар бораи он пурсидааст. Ин нишон медиҳад, ки маросими муҳим ва машҳуре дар миёни мардуми араб набудааст. Севвум инки агар барои паёмбари ислом ошкор мешуд, ки ин маросим асли маъқуле дорад, худ ба идомаи он талош мекард. Чуноне, ки дар бораи рӯза гирифтани рузи ошуро чунин кард. Тибқи ривояте ки ибни Аббос дар бораи рӯзи Ошуро нақл кардааст паёмбар дар бораи рӯзаи рӯзи Ошуро чизе намедонист ва аз дигарон пурсид, ки чаро яҳуд дар ин руз рӯза мегиранд. Гуфтанд ин рӯзи бузурге аст, ки Худованд дар он Мусо ва қавмашро наҷот до два фиръавну қавмашро ғарқ кард. Мусо ба хотири шукргузорӣ онро рӯза гирифт ва мо ҳам дар ин рӯз рӯза мегирем. Паёмбари Худо гуфт мо аз шумо ба Мусо наздиктар ва сазовортарем ва он рузро руза гирифту мусалмононро ҳам ба руза гирифтан ташвиқ намуд.

Аз ривоят ба равшанӣ фаҳмида мешавад, ки паёмбар пеш аз омадан ба мадина бо рузи ошуро ошноӣ надошт, аммо замоне фаҳмид, ки асли дурусте дорад, ӯ ба идомаи он дар миёни мусалмонон кумак намуд. Дар бораи он ду руз низ паёмбар худ чизе намедонист ва мардум он дуро маросими лаҳву беҳудаи даврони ҷоҳилият муаррифӣ намуданд. Дар натиҷа эшон фармуданд, ки ба ҷои он ду руз рузҳои идайни фитр ва азҳоро ҷашн бигиранд.

4- Ривояти мазкур аз лиҳози санад мувофиқи истилоҳоти муҳаддисин аз ҷумлаи ривоёти оҳод аст. Яъне мансубияти он ба паёмбар эҳтимолӣ аст на яқинӣ. Ин ҳадисро саҳобие нақл кардааст, ки дар он замон 10 –сола будааст ва дигар асҳоб онро ривоят накардаанд. Дар ҳоле, ки маросимҳо масоили иҷтимоӣ ҳастанд ва на фардӣ, бинобарин бояд афроди зиёде шоҳиди он ду маросим ва манъ кардани паёмбар мебуданд ва онро нақл мекарданд. Аммо чунин нашудааст.

5- Далоили таърихӣ нишон медиҳад, ки навруз аз замони асҳоб ба баъд дар қисматҳои зиёде аз сарзаминҳои исломӣ таҷлил мешудааст. Аз ҷумла дар даврони Умавиён ва Аббосиҳо ин маросим ҳамвора таҷлил мешудааст ва уламо ва фуқаҳои он замон низ монеи он нашудаанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки ҳазрати Алӣ дар замони хилофаташ дар маросими ҷашни навруз ширкат карда ва ҳадя қабул кардааст. (Ибни Таймия. Иқтизоу сиротал мустақим. Саҳ 50)

6- Ду иди Азҳо ва Фитр бошад аз ҷумлаи маросимҳои фарҳангӣ нестанд ва онҳо аз ҷумлаи шаоири ибодӣ ва символи динии мусалмонон ҳастанд ва барои онҳо аҳкоми хоссе низ баён шудааст, монанди намози ид, руза нагирифтан, ғусл кардан, либоси нав ё тоза пушидан ва ғайра. Агар шахсе маросими дигареро ҳамчун маросими динӣ ҷойгузини ин ду ид кунад ё дар баробари онҳо қарор диҳад, тибқи қавоиди усулӣ ва ривоятҳои мавҷуд кори ӯ бидъат ва номашруъ дониста мешавад ва дар ин бора ихтилофе дар миёни аҳли илм нест.

Аммо агар кассе маросимеро баргузор кунад, ки одати мардуми маҳал бошад ва ҳеҷ ҷанбаи ибодӣ ба он изофа карда нашавад, ягон хел бидъат намешавад. Зеро бидъат дар маънои шаръияш афзудан бар масоил ва аҳкоми динӣ аст, на афзудан бар умури оддӣ ва дунявӣ.

7- Ончӣ одатҳо ва ибодатҳоро аз ҳам мутамоиз мекунад, мабно ва маншаи эҷоди онҳо аст. Ибодатҳо аз суи шореъ Худованд ё паёмбар таъйин мешаванд ва кассе ҳақи дахолат дар шакл ва муҳтавои онҳоро надорад. Аммо одатҳо бар асоси тавофуқи мардум ба вуҷуд меоянд, ки имрӯза ба он қарордоди ҷамъӣ ҳам гуфта мешавад. Масоили қарордодӣ маънои собит ва доимӣ надоранд, ки дар давронҳои мухталиф бетағйир бимонанд. Мумкин аст мардуми як кишвар як рузи хосро рузи коргар, рузи модар ё рузи муаллим биноманд ва бо ин баҳона бихоҳанд ҳуқуқҳо ва масоили ин қишрҳоро баррасӣ намоянд.

Аз назари қавоиди фиқҳӣ ин амалашон як амри мубоҳаст ва ба хотири ҳадафе, ки дар паси ин амал аст, метавонад арзиши ахлоқӣ пайдо кунад. Ҳаргоҳ тавофуқ карданд, ки он рӯзро тағйир бидиҳанд, монеъи шаръӣ барои ин корашон вуҷуд надорад, зеро маншаи он худи онҳо будаанд ва ҳақи тағйир ва таъдилашро низ доранд.

Аммо масоили ибодӣ ва шаръӣ чунин нестанд. Чунки мардум дар овардан ё эҷоди онҳо саҳме надоштаанд ва ҳақи тағйири онҳоро низ надоранд. Ба ҳамин хотир тағйири моҳҳои ҳаром аз суи бархе қабоили араб мавриди мухолифати шадиди Қуръон қарор гирифт. (сураи тавба ояти 37)

8- Наврӯз дар кишварҳои ҷаҳон имруз ба унвони як одати фарҳангӣ таҷлил мешавад на як маросими ибодӣ. Ончӣ ин гуфтаро тақвият мекунад, ин масала аст, ки ин маросим махсуси Тоҷикистону Эрон ё Афғонистон нест, балки беш аз 300 миллион нафар дар ҷаҳон онро ҷашн мегиранд. Созмони омузишӣ, илмӣ ва фарҳангии Юнеско низ наврузро ҷузъи мероси фарҳангии маънавии башар қарор додаст. Агар мусалмонон ин маросимро ҳамчун маросими динӣ баргузор кунанду онро савоб дониста ба ислом рабт бидиҳанд, кори хато ва нодуруст аст.

9- Ба хотири онки дар таҷлили маросими навруз аз суи гуруҳе амалҳои ширкомез, гуноҳ ва хурофӣ анҷом мегирад, наметавон таҳрими ин маросимро истинбот кард. Зеро амалҳои мазкур дар дигар рузҳо ҳам анҷом мешаванд ва агар мамнуъият ё таҳриме ҳаст марбут ба зоти он амалҳо аст, на замони анҷоми онҳо. Барои мисол дар бештари тую маъракаҳои кишвари мо шаробнӯшӣ сурат мегирад, аммо касе туйро ҳаром намегуяд фақат шаробнушӣ ҳаром аст. Ба иборати дигар ҳаром будани шароб туйро ҳаром намекунад. 

10- Аз назари равоншиносии иҷтимоӣ кишварҳое, ки буҳронҳои шадидеро аз сар гузарондаанд ва мушкилоти зиёд доранд, дучори хастагӣ, афсурдагӣ ва дигар мушкилоти равонӣ мешаванд ва барои коҳиши ин мушкилот маросими навруз метавонад яке аз роҳҳо бошад, то хушҳолӣ ва шодиро барои мардум эҷод кунад. Ба хусус пас аз сипари кардани фасли зимистон ва таҳаммули сардиву торикиҳои шадид наврӯз метавонад оғози кору зиндагии нав ва навиде барои фардои беҳтар бошад.

11- Бархе дигар аз кишварҳои исломӣ низ маросимҳое монанди навруз доранд, ки ҷанбаи таърихӣ доранд. Барои мисол иди «Шамми насим» дар Миср, ки аз даврони Фиръавнҳо ба мерос мондааст ва баёнгари қидмати таърихии миллати мисру тамаддуни онҳост. Ин рӯз дар Миср таътили расмӣ аст ва мардум дар он ба шодӣ мепардозанду ба маконҳои тафреҳӣ мераванд. Қобили таваҷӯҳ он аст, ки «дорулифтои» Миср баргузории ин ҷашнро мубоҳ ва оддӣ дониста, фақат таъкид кардааст, ки одоби исломӣ дар назар гирифта шаванд. Ин мавқеъи «дорулифто» аз тарафи бисёре аз уламои «Алазҳар» ва дигар муҳаққиқони ин сарзамин мавриди таъйид қарор гирифтааст. (алаҳром, рақами 15, апрели 2012)

Ин далоили аслии мувофиқон ва мухолифони таҷлил аз навруз аст. Агарчӣ дар ин миён бархеҳо амалҳои оташбозӣ ва оташпараки онро марбут ба дини зардушт медонанд, аммо ба ақидаи хеле аз донишмандон ин маросим пеш аз даврони зардушт ҳам вуҷуд доштааст ва шояд зардуштиён ба он ҷанбаи динӣ дода бошанд.

Бар асоси яке аз ривоятҳо Ҳазрати Иброҳим дар рӯзи наврӯз вақте ҳамаи мардум аз шаҳр берун рафтанд бутҳояшонро шикаст. Вақте ӯро ба оташ андохтанд бо амри Худованд он оташ гулистон гардиду ӯро насӯзонд. Пас бар асоси ин ривоят наврӯз рабте ба дин надорад ва дар ҳеҷ куҷо ба дине рабт доштани наврӯз собит нашудааст ва бештар мардуми мо онро ҳамчун иди баҳор ва зиндашавии табиат ҷашн мегиранд. Ҳаргиз мардуми мо ба наврӯз ҳамчун як маросими динӣ нигоҳ намекунанд ва онро ибодат намедонанд.

Пешопеш иди зиндашавии табиат ва мавсими зебои баҳорро ба ҳамаи ҳамватанони азизам табрик мегӯям. Ҳар рӯзатон наврӯз ва наврӯзатон пирӯз бод!

 Бобоҷон Қаюмзод

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика