Sunday, June 8, 2025
ads
HomeХабарҳо30 млн доллари Марк Тсукерберг барои мубориза бо сатҳи пасти саводнокӣ

30 млн доллари Марк Тсукерберг барои мубориза бо сатҳи пасти саводнокӣ

Марк Тсукерберг, асосгузори ширкати Facebook бо ҳамроҳии ҳамсараш Пристсилла Чан тасмим гирифтаанд барои мубориза бо сатҳи пасти саводнокӣ дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ба буҷаи Донишгоҳҳои Гарвард ва Массачусетск 30 млн доллар интиқол диҳанд.

Дар ин бора нашрияи иттилоъ додааст.

Тавре нашрия менависад, ташаббуси барномаи кӯмак барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, ки Reach Every Reader (Дастрасӣ барои ҳар як хонанда) ном дорад, барои  5 сол пешбинӣ шудааст.

Дар чаҳорчӯбаи ин барнома, донишгоҳҳо ният доранд, ки як шабакаи махсусе таъсис диҳанд, ки тавассути он дастрасии хонандагон ба фанҳо бо усули замонавиро таъмин мекунад.Ҳамчунин ин барнома усулҳои тарбия ва кумак ба хонандагонро барои муаллимон ва волидони онҳо ҳамчун як роҳнамои тарбиявӣ меомӯзонад. Хубии ин барнома дар он хоҳад буд, ки ҳам хонанда ва ҳам муаллиму волидон барои бартараф намудани мушкилиҳо дар пешрафти хонанда, маълумотҳои дилхоҳро метавонанд пайдо кунанд.

Бино ба бовари Марк Тсукерберг аксаран хонанда ва ҳам муаллиму волидонаш мехоҳанд пешравӣ кунанд ва омӯзиши онҳо мутобиқи талаботи замон бошад, аммо адами дастрасӣ ба маълумотҳои роҳнамоикунанда, ба пешравии хонанда халал ворид мекунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика