Марк Тсукерберг, асосгузори ширкати Facebook бо ҳамроҳии ҳамсараш Пристсилла Чан тасмим гирифтаанд барои мубориза бо сатҳи пасти саводнокӣ дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ба буҷаи Донишгоҳҳои Гарвард ва Массачусетск 30 млн доллар интиқол диҳанд.
Дар ин бора нашрияи иттилоъ додааст.
Тавре нашрия менависад, ташаббуси барномаи кӯмак барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, ки Reach Every Reader (Дастрасӣ барои ҳар як хонанда) ном дорад, барои 5 сол пешбинӣ шудааст.
Дар чаҳорчӯбаи ин барнома, донишгоҳҳо ният доранд, ки як шабакаи махсусе таъсис диҳанд, ки тавассути он дастрасии хонандагон ба фанҳо бо усули замонавиро таъмин мекунад.Ҳамчунин ин барнома усулҳои тарбия ва кумак ба хонандагонро барои муаллимон ва волидони онҳо ҳамчун як роҳнамои тарбиявӣ меомӯзонад. Хубии ин барнома дар он хоҳад буд, ки ҳам хонанда ва ҳам муаллиму волидон барои бартараф намудани мушкилиҳо дар пешрафти хонанда, маълумотҳои дилхоҳро метавонанд пайдо кунанд.
Бино ба бовари Марк Тсукерберг аксаран хонанда ва ҳам муаллиму волидонаш мехоҳанд пешравӣ кунанд ва омӯзиши онҳо мутобиқи талаботи замон бошад, аммо адами дастрасӣ ба маълумотҳои роҳнамоикунанда, ба пешравии хонанда халал ворид мекунад.