Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСооронбой Ҷээнбеков: Хешовандонамро ба вазифаҳои идоракунандаи давлатӣ таъйин нахоҳам кард

Сооронбой Ҷээнбеков: Хешовандонамро ба вазифаҳои идоракунандаи давлатӣ таъйин нахоҳам кард

Сооронбой Ҷээнбеков, Президенти Қирғизистон дирӯз, 06.02.2018, дар як нишасти худ бо сардабирони расонаҳои кишвараш гуфт, ки ба хешовандонаш вазифаҳои идоракунандаи давлатиро нахоҳад дод.

“Бисёриҳо поида истодаанд, ки кай ман бародари хурдиам Асилбек Ҷээнбековро ба мақомҳои давлатӣ таъйин мекунам, аммо ин кор нахоҳад шуд. Фаъолияти президентҳои пешини Қирғизистон — Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиевро огаҳем, ки натиҷааш чӣ шуд, ман мехоҳам 6 сол баъд бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам”. — таъкид намуд Ҷеенбеков.

Президенти Қирғизистон гуфт, ки бародараш кори худашро идома хоҳад дод.

Маврид ба зикр аст, ки  пеш аз сарвазир таъйин шудани Сооронбой Ҷээнбеков додари хурдиаш Асилбек Ҷээнбеков раиси порлумони Қирғизистон буд, вале баъд аз сарвазир шудани Сооронбой Ҷээнбеков аз мақом истеъфо дод. Асилбек Ҷээнбеков, додари президенти Қирғизистон, айни ҳол вакили порлумони ин кишвар мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular