Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚарзҳои бузург ба наздикону шиносҳо —монеъаи асосии фаъолияти бонкҳо?

Қарзҳои бузург ба наздикону шиносҳо —монеъаи асосии фаъолияти бонкҳо?

Ба андешаи садорати Бонки миллии Тоҷикистон, ироаи қарзҳои калонҳаҷм ба наздикону шиносҳо, камбудиҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ ва ба ҳам омехтани бизнеси шахсиву фаъолияти бонкӣ монеъаҳои асосии фаъолияти бонкҳо дар кишвар аст.

Дар нишасти машваратие, ки дирӯз, 6-уми март Бонки миллӣ бо ширктаи намояндагони сохторҳои қарзӣ, баргузор кард, чанд монеъаи фаъолияти пойдори соҳаи бонкии кишвар номбар шуд.

“Мутаассифона камбудиҳои дохилии ташкилотҳои карзӣ, мисли нодуруст ба роҳ мондани принсипи идораи корпоративӣ, додани қарзҳои бузург ба шахсони қобилияти пардохтнадошта ва нафарони бо ҳам алоқаманд, ба ҳам омехтани бизнеси шахсӣ ва фаъолияти бонкӣ аз тарафи роҳбарони ташкилоти қарзӣ ва набудани стандарти ягонаи нархгузории амволи багаравгузошташуда ба фаъолияти пойдори системаи бонкӣ хала мерасонанд” — гуфт Сироҷиддин Икромӣ, ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Икромӣ аз ташкилотҳои қарзӣ даъват кард барои “ба роҳ мондани фаъолияти пойдор системаи бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону сармоягузорон”  пешниҳодоти худро барои рафъи рафъи мушкилоти баррасии баҳсҳо дар додгоҳ, бахусус баргардонидани қарзҳо, ироа кунанд.

Ӯ гуфт дар оиди ин масъала дар назар аст дар барзе аз қоидаҳо тағйирот ҷорӣ карда шавад, то дар оянда ин мушкилот бартараф шаванд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular